Адабиёти пароканда


Пеши теғи ту рӯзи саф душман
Ҳаст чун пеши доси нав курпо!

Манн он чи мадҳи ту гӯям дуруст бошад рост,
Маро ба кор наёяд сирешиму кабдо!

Чунон ки уштури аблаҳ сӯйи куном шуда,
Зи макри рӯбаҳу зоғу зи гургу бехабаро!

Ҷуз ба модандар намонад ин ҷаҳони гурбарӯй,
Бо писандар кина дорад ҳамчу бо духтандаро!

Ой пурғунаву божгуна ҷаҳон,
Монда манн аз ту ба шигифт-андаро!

Гӯши ту солу маҳ ба рӯду суруд,
Нашнавӣ навяи хурӯшонро!

Ҷигарташнагонанду бечорагон
Ва бе тӯшагонанду безаворо!

Шери олағда, ки берун ҷиҳат аз хона ба сайд,
То ба ҷанг орад оҳурову оҳубараро!

Набошад з-ин замона бас шигифтӣ,
Агар бар мо биборад озарахшо!

Гарчи Тиштарро ато борон бувад,
Маар туро зурру гуҳар бошад ато!

Камандаш беша бар шерон қафас кард,
Фаялкаш дашт бар гургон хабоко!

Чу гирд оранд кирдорат ба маҳшар,
Фурӯ монӣ ҳаме чун ҳар ба шилко!

Кайҳон ба адли хоҷаи Аднонӣ,
Адн асту корҳо ҳама б-андомо.

Фохтагун шуд ҳаво зи гардиши хуршед,
Ҷомаи хона ба тибит фохтагуно!

Рӯза ба поён расиду омад навъид
Ҳар рӯз бар осмонат Бодо мурво!

Ҳаме бояд-т рафту роҳ дур аст,
Басағда дор як сар шуғли роҳо!

Надид танбулу ӯй падид мандали ӯй
Дигар намояду дигар бувад ба сони сароб.

То кай барӣ азобу кунӣ ришро ҳизоб,
То кай фузул гӯйиву орӣ ҳадиси ғоб?!

Шеби ту бо фарози ту бо нишеб,
Фарзанди одамӣ ба ту андар ба шебу теб.

Дидӣ ту ришду ком бад-ӯ андарун басе
Бо ридакони мутриб будӣ ба фару зеб.

Толибоси умри аъдояш нагардад бофта,
Тор-тору пуд- пуд андар фалоти он фавот!

Бар рӯйи пизишк зан маяндеш,
Чун був-д дуруст писёрат

Ҳеҷ роҳат менабинам дар суруду рӯди ту,
Ҷуз, ки аз фарёду заҳмат халқро котура хост!

Лодро дар бинои муҳкам не,
Ки нигаҳдори лод бунлод аст.

Маъзурам доранд, ки-андӯҳ ва ғеш аст,
Андӯҳи ва ғеши ман аз он ҷаъди ва ғеш аст.


Саҳифаи 1 аз 8 | Саҳифаи оянда