Рубоиёт

1
Дар раҳгузари бод чароғе, ки турост,
Тарсам, ки бимирад аз фароғе, ки турост.
Бӯйи ҷигари сухта олам бигирифт,
Гар нашнидӣ, зиҳӣ димоғе, ки турост.

2
Бо он ки дилам аз ғами ҳаҷрат хун аст,
Шодӣ зи ғами туам зи ғам афзун аст!
Андеша кунам ҳар шабу гӯям, ё раб,
Ҳиҷрон-ш чунин аст, висолаш чун аст?

3
Ҷойе, ки гузаргоҳи дили маҳзун аст,
Он ҷо ду ҳазор найза болои хун аст.
Лайлисифатон зи ҳоли мо бехабаранд,
Маҷнун донад, ки ҳоли Маҷнун чун аст!

4
Дил хаставу бастаи мусалсалмӯйест,
Хунгаштаву куштаи бути ҳиндуест.
Суде накунад насиҳатат, эй воиз,
Ин хонахароб турфа якпаҳлуест.

5
Тақдир, ки ба куштанат озарм надошт,
Бар ҳусну ҷавони-т дили нарм надошт.
Андар аҷабам зи ҷонситон, к-аз чу туе
Ҷон бистуду аз ҷамоли ту шарм надошт.

6
Чашмам зи ғамат ба ҳар ақиқе, ки бисуфт,
Бар чеҳра ҳазор гул зи розам бишкуфт.
Розе, ки дилам зи ҷон ҳамедошт нуҳуфт,
Ашкам ба забони ҳол бо халқ бигуфт.

7
Бе рӯйи ту хуршеди ҷаҳонсӯз мабод,
Ҳам бе ту чароғи оламафрӯз мабод!
Бо васли ту касс чу ман бадомӯз мабод,
Рӯзе, ки туро набинам он рӯз мабод!

8
Зулфаш бикашӣ, шаби дароз андозад,
В-ар бикшойӣ, ҷангали боз андозад,
В-ар печу хамаш зи якдигар бикшоянд,
Доман-доман мушки Тароз андозад.

9
Чун субҳ алам зад ба ҳисомат монад,
Чун якшаба шуд моҳ, ба ҷамоат монад!
Тақдир ба аспи тезгомат монад,
Рӯзӣ ба ато додани омат монад!

10
Ҷуз ҳодиса ҳаргиз талабам кас накунад,
Як пурсиши гарм ҷуз табам касс накунад
В-ар ҷон ба лаб оядам ба ҷуз мардуми чашм
Як қатраи об бар лабам кас накунад.

11
Номат шунавам, дил зи фараҳ зинда шавад,
Ҳоли ман аз иқболи ту фархунда шавад.
В-аз ғайри ту ҳар ҷо сухан ояд ба миён,
Хотир ба ҳазор ғам пароканда шавад.

12
Омад барии манн. Кӣ? Ёр. Кай? Вақти саҳар.
Тарсанда зи кӣ? Зи хасм. Хасмаш кӣ? Падар!
Додам-ш ду бӯса. Бар куҷо? Бар лаби тар!
Лаб буд? На! Чӣ буд? Ақиқ! Чун буд? Чу шакар!

13
Ҳон ташнаҷигар, маҷӯй з-ин боғ самар,
Бедистонест ин риёзи ба ду дар!
Беҳуда мамон, ки боғбонат ба қафост,
Чун хок нишаста гиру чун бод гузор!

14
Чун кушта бибинам ду лаб гашта фароз
В-аз ҷон диҳӣ ин қолаби фарсуда ба оз.
Бар болинам нишину мегӯй ба ноз,
К-ай кушта туро ману пушаймон шуда боз!

15
Дар ҷустани он нигори пуркинаву ҷанг
Гаштем сарпойи ҷаҳон бод дили танг.
Шуд даст зи кору монд пой аз рафтор,
Ин баски ба сар задаему он баски ба санг!

16
Бар ишқи туям на сабр пайдост, на дил,
Бе рӯйи туям на ақл бар ҷост, на дил!
Ин ғам, ки марост кӯҳи қоф аст, на ғам,
Ин дил ки турост, санги хорост, на дил!

17
Воҷиб набувад ба кас-бар афзолу карам,
Воҷиб бошад, ҳаройина, шукри ниъам,
Тақсир накард хоҷа бар новоҷиб,
Ман бар воҷиб чи гуна тақсир кунам?!

18
Юсуфрӯйе, к-аз ӯ фиғон кард дилам,
Чун дасти занони мисриён кард дилам.
З-оғоз ба бӯса меҳрубон кард дилам,
Имрӯз нишонаи ғамон кард дилам!

19
Дар пеши худ он нома чу булклиа ниҳам,
Парвин зи сиришки дида бар ҷома ниҳам,
Дар посухи ту чу даст бар хома ниҳам,
Хоҳам, ки дил андар шикани нома ниҳам.


Саҳифаи 1 аз 2 | Саҳифаи оянда