АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ - ПОЯГУЗОРИ АДАБИЁТИ ФОРС-ТОҶИК


Давраи адабиёти забони форсии нав, ки машҳур ба забони дарӣ аст, бо давраи салтанати Сомониён ва бо номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ алоқаманд аст. Ин адабиёт дар замони Сомониён ба вуҷуд омад ва забони он забони давлатӣ ва забони илму фарҳанги эронӣ гардид. Шуҳрати ҷаҳонии адабиёти форс-тоҷик наз аз ҳамин аср ибтидо мегирад ва дар саргаҳи ин адабиёт Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун қофиласолор ва бунёдгузор мақому манзалати олӣ дорад.

Адабиёти нави форсии дарӣ дар асри X яку якбора ба вуҷуд наомадааст. Ин адабиёт то давраи ташаккул ва такомули худ роҳи пурпечутоб ва марҳалаҳои гуногуни таҳаввулоти шакливу мундариҷавиро тай намудааст. Ва моро лозим аст пеш аз он ки паҳлӯҳои мазмуну шакли ин адабиётро аз назари таҳқиқ гузаронем, хонанадагонро ба сайри мухтасаре дар таърихи қаблии он даъват намоем.

Дар қарнҳои III-VII дар Осиёи Миёна қавмҳои эронии шарқӣ сокин буданд, ки онҳо дар гӯиш ва шеваҳои мухталиф, вале ба ҳам наздики суғдӣ, хоразмӣ ва портиву сакӣ ҳарф мезаданд ва ба ҳамин забон адабиёти фанниву бадеӣ низ эҷод карда буданд.

Ёдгориҳои хаттии ниҳоят кам, вале пурарзиши адабии «Дарахти Асурик» ва «Аяткори Зарирон» ба забони портӣ дар таркиби луғавии худ бисёр калимаву вожаҳое доранд, ки дертар дар забони Дарии асри Сомонӣ ба назар мерасанд.

Ҳамзамон бо ҳамин қарнҳо дар рони Ғарбӣ давлати муқтадири Сосониён (221-651 мелодӣ) вуҷуд дошт, ки адабиёти, фарҳанг ва осори меъмориву тасвирии онҳо дар мамолики Шарқу Ғарб шӯҳрати мафтункунандае дошт. Дар давлати Сосониён ба забони паҳлавӣ осори бой ва бузурги адабиву ахлоқи таълиф гардид. Адабиёти ҳам Эрони ғарбиву ҳам шарқи, яъне Мовароуннаҳр аз ҷиҳати мазмунҳои асотирӣ ва ҳамосавии бостонӣ ва аз ҳайси таркиби луғавӣ бисёр умумият ва ҳамонандиҳо доштанд. Қавмҳои гуногуни эрониро суннатҳои қадими мардумӣ ва ойини мазҳабию динӣ (яъне ойини Зардуштӣ) ба ҳам наздик мекарданд.

Дар қарни VII милодӣ лашкари аъроб зери парчами ислом ба тасхир ва истилои сарзамини Эрон ва баътар Осиёи Миёна бархост. Дар натиҷаи ҷангҳои шадиду пурталотум на танҳо бинои давлати Сосонӣ ва мулкҳои мардуми эронии шарқӣ пош хӯрданд, балки осори маданиву фарҳангӣ ва маънавии чандинасрии Эронзамин хароб гашт. Баробари ҳамин дини мубини ислом бо суръат ва вусъати ҳайратангези ба ҷойи дину мазҳабҳои қадими эронӣ дар Эрону Мовароуннаҳр истеҳком ёфт. Лашкари аъроб дар баробари ислом ба ин сарзаминҳо забони арабиро низ овард. Забони арабӣ ҳамчун забони муқаддас ва забони китоби осмонии ислом - Қуръон дар коргузории давлат, дар ҳаёти иҷтимоиву фарҳангӣ ҷойгузини забонҳои бумии эронӣ гашт. Олимону шоирон ва адибони маҳаллӣ осори манзум ва мансури худро ба забони арабӣ таълиф менамуданд.

Дар Эрону Мовароуннаҳр шеъри араб шаклҳои классики назм ва насри бадеии аъробро ворид намуд. Вазни арӯз ва тарзи қофиясозии шеъри араб, воситаҳои тасвири шеъри бодиянишинони араб, анвои шеъри ғаноиву мадеҳӣ, мисли ғазалу қасида дар ашъори шоирони арабизабони маҳаллӣ устувор гардид. Баробари ҳамин шеъри араб дар зери таъсири муҳит ва иқлими мулкҳои нави обшору сабзу хуррам, бо таъсири суннатҳои бостонии адабиёти хаттии қадими эронӣ аз ҷиҳати санъати сухан ва воситаҳои тасвир ғанитар гардид ва аз шеъри бумии худи арабҳо хеле дур ҳам рафт. Намоҳои достонҳои асотириву ҳамосавӣ, мазмунҳои қиссаҳои қадими эронӣ, гуфтан мумкин аст адабиёти араби маҳаллиро ба вуҷуд овард, ки мо онро метавонем адабиёти эронии арабзабон гӯем. Аз ин ҷост, ки дусад соли «сукути адабиёти форсиро» мо имрӯз давраи арабизабони адабиёти форс-тоҷик меномем.

Бо вуҷуди он ки дар Эрону Хуросону Мовароуннаҳр адабиёти хаттӣ ба забонҳои маҳаллӣ аз мавҷудият боз монд, аммо дар байни мардум ва аҳли илму дониши эронитабор адабиёти шифоҳӣ ва муоширату муомилот ҳамчунон дар забонҳои хеш идома дошт. Намунаи чунин назму шеърҳои форсиро таърихнависони араб дар китобҳояшон ба ҳуруфоти арабӣ сабт кардаанд. Шеъри ҳаҷвомези хатлониён дар шикасти ҷанговарони араб, мисраъҳои ҳузномези Абулянбағӣ дар харобиву вайронии Самарқанд, ки дар таърихномаҳои муаллифони араб сабт гардидааст, шоҳиди он аст, ки мардум ба забони маҳаллии худ шеър мегуфт, арзи ҳол мекард. Ҳамаи ин далолат ба он мекунад, ки забону суннатҳои қадими бостонӣ ва нақши ойини зардуштӣ ва дигар анъанаҳои ба ислом бегонаро мардум нигаҳбонӣ мекард, дар ёду хотир пос медошт.

Хонадонҳои ҳукумрони маҳаллӣ, ки дар мулкҳои эронии шарқи хилофати араб аз ҷониби халифа ҳокимони нисбатан мустақил таъйин мешуданд, ба ҳифз ва ҷорӣ гардидани урфу одат ва ойину русуми мардуми эронинажот сидқан мусоидат мекарданд. Ду сулолаи эронинажот – Тоҳириёну Саффориён, ки аз оғози қарни IX ба тарзи мустақил дар Хуросону Мовароуннаҳр ҳокимият доштанд, дар устувории давлати худ асосан ба мардуми маҳаллӣ ва расму ойини қадими халқ такя мекарданд. Ин волиён дар дарбори худ шоиронеро, ки ба забони маҳаллӣ ва форсӣ шеър менавиштанд, ҷамъ намуда, онҳоро дар пос доштани забони адабиёти маҳаллӣ таблиғ ва ташвиқ менамуданд. Дар сарчашмаҳо омадааст, ки Ҳанзали Бодғиси маддоҳи дабори Тоҳириён буд. Чанд абёти, ки аз ин шоир дар дастраси мост, шоҳиди он аст, ки дар замони вай шеъри форсӣ дар шаклу чорчӯбҳои шеъри араб иншо мешудааст:


Ёрам сипанд агарчи бар оташ ҳамефиганд
Аз баҳри чашм, то нарасад мар варо газанд.
Ӯро сипанду оташ н-ояд ҳаме ба кор
Бо рӯйи ҳамчу оташ бо холи чун сипанд.

Меҳтарӣ гар ба коми шер – дар аст,
Шав, хатар кун, зи коми шер биҷӯй!
Ё бузургию иззу неъмату ҷоҳ,
Ё чу мардон-т марги рӯёрӯй.


Саҳифаи 1 аз 5 | Саҳифаи оянда