Хубон ҳама сипоҳанд, ӯшон худойгон аст,
Ман некбахтиям дар рӯйи ӯ нишон аст

Баҳори чин кун аз он рӯй базмхонаи хеш,
Агарчи хонаи ту навбаҳори барҳаман аст.

Ҳамчу ҳинду, ки ӯ бувад ғаввос,
Моғ дар об дуррҷӯй шудааст.

Бо бози курезӣ бимонам ҳаме,
Агар кабк нагрезад аз ман равост!

Шаби қадри васлат зи фархундагӣ
Фараҳбахштар аз фириснофа аст.

Ой аз он чун чароғ пешонӣ,
Ой аз он зулфаки шикасту микаст!

Дӯш донистам, к-ин ранҷ ҳама васвосаст,
Мардум досу далуст аз дари рӯй омосаст.

Бо дили пок маро ҷомаи нопок равост,
Бар ман онро, ки дилу дида палидасту палишт!

Ҷуғд, ки бобозу пулангон парад,
Бишканадаш пару болу гардад лат-лат.

Чи ман гар ҳамеша ситогӯй бошам,
Ситоям набошад накӯ ҷуз ба номат!

Буданат дар хок бошад бофдум,
Ҳамчунон, к-аз хок буд анбуданат.

Зи меҳраш мабодо тиҳӣ эч дил,
Зи фармон-ш холӣ мабод эч марҷ!

Роҳе, к-ӯ рост аст, бигзин, эй дӯст,
Дур шав аз роҳи бекаронаву тарфанҷ.

Бунлоди ту шуд тарбияти хоҷа-валек
Бунлоди ту суст ҳамчу бунёди ту бод.

Бахту давлат чу пешкори туанд,
Нусрату фатҳ пешёри ту бод!

Имрӯз ба иғболи ту, эй мири Хуросон,
Ҳам неъмату ҳам рӯйи наку дорам васнод!

Ба ту боз гардад ғами ошиқӣ
Нигоро, макун ин ҳама зиштёд!

Аё балоя агар коркард пинҳон буд,
Кунун тавонӣ боре хашук пинҳон кард?!


Ёфтӣ чунки мол ғарра машав,
Чун ту бас диду бинад ин деранд?

Ҳар дам, ки маро гирифта хомуш,
Печида ба офият чу фарғанд.

Ай ҷони ҳама олам дар ҷони ту пайванд,
Макруҳи ту моро манамоёд худованд?

Дил аз дунё бардору ба хона биншин паст,
Фаро банд дари хона ба фалҷу ба пажованд!

Чарх чуни насту ба ин рах равад,
Ланг бар ҳар неку бар ҳар бад наванд.

Гӯспандему ҷаҳон ҳаст ба кирдори нағил,
Чу гаҳи хоб шавад, сӯйи нағил бояд шуд

Мурда нашавад зинда, зинда ба сутудон шуд,
Ойини ҷаҳон чунин то гардуни гардон шуд.


Саҳифаи пешина | Саҳифаи 2 аз 8 | Саҳифаи оянда