21
Чун теғ даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики худованд бадӣ нест фаромушт.
Ин теғ на аз баҳри ситамгорон карданд,
Ангур на аз баҳри набиз аст ба чархушт.
Исо ба раҳе дид, яке кушта фитода,
Ҳайрон шуду бигирфт ба дандон сари ангушт,
Гуфто, ки «киро куштӣ, то кушта шудӣ зор?
То боз кӣ ӯро бикушад, он ки туро кушт?»
Ангушт накун ранҷа ба дар кӯфтани кас,
То касс нукунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.

22
Меҳр мафкан бар ин саройи сипанҷ,
К-ин ҷаҳон пок бозию найранҷ.
Неки ӯро фасона дору шуд,
Бади ӯро камар-т сахт битанҷ!

23
Пешам омад бомдодон он нигорин аз кадӯҳ,
Бо ду Рух аз шарм лаълу бо ду чашм аз сеҳр шӯх,
Остин бигирфтамаш, гуфтам: «ба меҳмони манн ой»,
Маар маро гуфтӣ ба тозӣ: «мӯрду анҷиру кулӯх»!

24
Шод зӣ бо сиёҳчашмон шод,
Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод!
З-омада шодмона бояд буд,
В-аз гузашта накард боя дёд.
Ману он ҷаъдмӯйи ғолиябӯй,
Ману он моҳрӯйи хурнажот.
Некбахт он кассе, ки доду бихӯрд,
Шӯрбахт он ки ӯ назурду надод.
Боду абр аст ин ҷаҳони фисус,
Бода пеш ор, ҳар чи бодо бод !
Шод будаст аз ин ҷаҳон ҳаргиз
Ҳеҷ кас, то аз ӯ ту бошӣ шод?!
Дод дидаст аз ӯ ба ҳеч сабаб
Ҳеҷ фазона, то бинӣ дод?!

25
Ҷаҳон ба коми худованд боду дер зиёд,
Бад-ӯ ба ҳеҷ ҳаводис замона даст мадод!
Дурусту рост кунод ин масъала худой варо:
Агар бибабсти яке дар, ҳазор дар бикшод.
Худойи арш ҷаҳонро чунин ниҳод ниҳод
Ки гоҳ мардум гаҳ бувад ношод.
………………………………………………..
Худой чашм бад аз мулки ту бигардонод!

26
Чаҳор чиз маар озодаро зи ғам бихарад:
Тани дурусти хӯй неку номи неку хирад.
Ҳар он ки эзадаш ин ҳар чаҳор рӯзи кард,
Сазад ки шод зияд ҷовидону ғам нах (в) арад.

27
Ҳар киро бо ту кор дар гирад,
Баҳра аз рӯзгор бар гирад.
Ба сухан лаб зи ҳам чу бикшоӣ,
Ҳама рӯйи замин шакар гирад.

28
Ай рӯйи ту чу рӯз далели муваҳҳидон
В-ай бо мӯйи ту чунон чу шаби мулҳид аз лаҳад!
Ай манн муқаддам аз ҳама ушшоқ чун тӯйӣ
Мар ҳусунро муқаддам чун аз калом қад
Маккӣ ба каъба фахр кунад, мисриён ба Нил,
Тарсо ба усқуфу алавӣ ба б-ифтихори ҷад,
Фахри раҳӣ бад-он ду сияҳчашмакони туст,
К-омад падид зери ниқоб аз бари ду хад.

29
Аз дӯст ба ҳар чиз чаро бояд-т озард ,
К-ин ишқ чунин бошад: гаҳ шодиву гаҳ дард.
Гар хор кунад меҳтар, хорӣ накунад айб,
Чун боз навозад, шавад он доғи ҷафо сард.
Сад нек ба як бад натавон кард фаромӯш,
Гар хор барандешӣ, хурмо натавон х(в)ард.
Ӯ хашм ҳаме гирад, ту узр ҳамехоҳ,
Ҳар рӯз ба нав ёри дигар менатавон кард.

30
Ҳотами Тойӣ туй андар сахо
Рустами Достон тӯӣ андар набард.
Не, ки ҳотам нест бо ҷуди ту род.
Не, ки Рустам нест дар Чанги ту мард.

31
Чун баччаи кабӯтар минқор сахт кард,
Ҳамвор кард ҳарру бияфканд мӯйи зард.
Кобукро нахоҳаду шоҳ орзу кунад
В-аз шохсӯйи бом шавад боз гирд гард.

32
Мурд Муродӣ, на ҳамон ки мурд,
Марги чунон хоҷа ан корест хуб.
Ҷонӣ гироми ба падар боз дод,
Колбати тира ба модар супурд.
Они малак бо малакӣ рафт боз,
Зинда кунун шуд, ки ту гӯйӣ бимурд.

33
Зулфи туро ҷим ки кард?
Он ки ӯ холи туро нуқтаи он ҷим кард
В-он даҳани танги ту бӯйӣ касе,
Донгаке нор баду ним кард!

34
Фариштаро зи ҳаловат даҳон пур об шавад,
Чун аз ҳаловат май дилбарам лабон лесат
Равон зи дидаи афлокиён шавад ҷайҳун,
Мисоли тират агар қабзаи камол лесат.
Ба хок хуфтаи тиру ту аз ҳаловат захм
Забон бароварду захмро даҳон лесад.

35
Малико ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад!
Хаз ба чойи мулҳаму хиргоҳ,
Бадали боғу бӯстон омад
Мӯрд ба ҷойи савсан омад боз,
Май ба ҷойи арғавон омад.
Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон
Маҳ ба бахти ту навҷавон омад.
Гул дигар раҳ ба гулистон омад,
Вораи боғу бустон омад.
Ворӣ озар гузашту шӯълаи он
Шӯълаи лоларо замон омад.

37
Дер зиёд он бузургвор худованд,
Ҷони гиромӣ ба ҷон-ш андар пайванд!
Доим ба ҷони ӯ биларзам, зеро-к
Модари озодагон кам орад фарзанд.
Аз маликон касс чун ӯ набуд ҷавоне,
Роду сухандону шермарду хирадманд.
Кас нашиносад ҳаме, ки кӯшиши ӯ чун,
Халқ надонад ҳаме, ки бахшиши ӯ чанд.
Дасту забон зарру дурр пароканда ӯро,
Ном ба гетӣ на аз газоф пароканд.
Дар дили мо шохи меҳрубонӣ биншост,
Дил на ба бозӣ зим меҳри хоста барканд.
Ҳамчу муаммост фахру қиммат ӯ шарҳ,
Ҳамчун абастост фазлу сирати ӯ Занд.
Гар чи бикӯшанд шоирони замона,
Мадҳи касеро нагӯяд монанд
Сирати ӯ тухми кишту неъмати ӯ-об,
Хотири маддоҳи ӯ -замин барӯманд.
Сирати ӯ буд вайҳнома ба Кисро,
Чунки ба ойин-ш панднома биёканд.
Сирати он шоҳ пандномаи аслист,
З-он ки ҳаме рӯзгор гирад аз ӯ панд.
Ҳар ки сард аз панди шаҳриёр бипечид,
Пойи тарабро ба доми гурм дарафканад
Кист ба гетӣ хамирмояи идбор?
Он ки ба иқволи ӯ набошад хурсанд.
Ҳар ки нахоҳад ҳаме кушоиши кораш
Гӯй бишаву дасти рӯзгор фурӯ банд!
Ай малак, аз ҳоли дӯстон-ш ҳаме ноз,
Ай фалак аз ҳоли душманон-ш намеханд!
Охир шеър он кунам ки аввал гуфтам:
Дер зиёд он бузургвор худованд!

38
Ҷуз он ки мастии ишқ аст, эч масти нест,
Ҳамин балот басаст, ай баҳар бало хурсанд!
Хаёли разми ту гар дар дили адӯ гузарад,
Зи бими теғи ту бандаш ҷудо шавад аз банд.
Зи адли туст ба ҳам бозу саъваро парвоз,
Зи ҳукми туст шабу рӯзро ба ҳам пайванд.
Ба хушдилӣ гузарон, баъд аз ин ки боди аҷам
Дарахти умр бадандешро зи по афканат.
Ҳамеша то ки бувад аз замона ному нишон,
Мудом то ки бувад гардиши сипеҳри баланд,
Ба базми айшу тараб бод нек хоҳи ту шод,
Ҳасуди ҷоди ту бод зи ғусса зору нажанд!

39
Низ або неквон ҷанг намояд-т фанд,
Лашкари фарёд не, хоста не судманд,
Қанд ҷудо кун аз ӯй, дур шавад аз заҳри данд,
Ҳар чи ба охир беҳ аст ҷони туро он писанд!

40
Сарсари ҳиҷри ту, ай сарви баланд,
Решаи умри ман аз бех биканд!
Пас чаро бастаи ӯям ҳама умр,
Агар он зулфи дуто нест каманд?!
Ба як ҷон натавон кард суол,
К-аз лаби лаъли ту як бӯс ба чанд?
Бифканад оташ андар дили ҳусн,
Он чи ҳиҷрони ту аз сина фиканд.


Саҳифаи пешина | Саҳифаи 2 аз 5 | Саҳифаи оянда