20
Дар манзили ғам фиканда мафраш моем
В-аз оби ду чашм дил пуроташ моем,
Олам чу ситам кунад, ситамкаш моем,
Дастихуши рӯзгори нох(в) аш моем.

21
Рӯят дарёи ҳусну лаълат марҷон,
Зулфат анбар, садаф даҳан, дур дандон,
Абрӯ каштию чини пешонӣ мавҷ,
Гирдоби бало ғабғабу чашмат тӯфон.

22
Дар ишқ чу Рӯдакӣ шудам сер аз ҷон
В-аз гиряи хунин мижаам шуд марҷон.
Алқисса, ки аз дасти азоби ҳиҷрон
Дар оташи рашкам дигар аз дӯзахиён!

23
Дидор ба дил фурӯхт, нафрӯхт гарон,
Бӯса ба равонфурӯшаду ҳаст арзон!
Оре, ки чу моҳ бувад бозаргон.
Дидор ба дил фурӯшаду бӯса ба ҷон!

24
Аз ҳаҷри маҳи рухи ту, эй мояи ҷон,
Пурдур карданд чун даҳони ту ҷаҳон.
Аз нохуни даст хаста кардам дилу ҷон,
Фарёдраси ғамат на ин буду на он.

25
Ай аз гули сурх рангбирбудаву бӯ,
Ранг аз пайи рух рабуда, бӯ аз пайи мӯ!
Гулранг шавад, чу рӯй шӯйӣ, ҳама ҷӯ,
Мушкин гардад, чу мӯ фишонӣ ҳама кӯ!

26
Аз нолаи пири хонакоҳ аз ғами ту,
В-аз гиряи тифли бегуноҳ аз ғами ту,
Афғони хурӯси субҳгоҳ аз ғами ту,
Оҳ аз ғами ту, ҳазор оҳ аз ғами ту!

27
Чархи каҷабоз то ниҳон сохт каҷа,
Бо неку бади дойира дар бохт каҷа.
Ҳангоми шаб гузашту шуд қисса тамом,
Толеъ ба кафам яке наяндохт каҷа!

28
Зулфат дидам сар аз чамон печида
В-андар гули сурхи арғавон печида,
Дар ҳар банде ҳазор дил дар бандаш,
Дар ҳар пече ҳазор ҷон печида!

29
Чун кори дилам зи зулфи ӯ монд гиреҳ,
Бар ҳар раги ҷон сад орзу монд гиреҳ.
Уммед зи гиря буд афсус, афсус,
К-он ҳам шаби васл дар гулӯ монд гиреҳ!

30
Аз Каъба калисёнишинам кардӣ,
Охир дар куфр беқаринам кардӣ!
Баъд аз ду ҳазор саҷда дар даргаҳи дӯст,
Эй ишқ, чи бегона зи динам кардӣ!

31
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ!
Бар кӯру кар ар нуқта нагирӣ, мардӣ!
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!

32
Он харпадарат ба дашт хошок задӣ,
Момот дафи дурӯя чолок задӣ.
Он бар сари гӯрҳо таборак хондӣ.
В-ин бар дари хонҳо табурок табурок задӣ.

33
Дил сер нагардад зи бедодгарӣ,
Чашм об нагардад, чу бар ман нигарӣ
Ин турфа, ки дӯсттар зи ҷонат дорам,
Бо он ки зи сад ҳазор душман батарӣ!

34
Бо дода қаноъат куну бод од бизӣ!
Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ!
Дар беҳ зи худе назар макун, ғусса махур,
Дар кам зи худе назар куну шод бизӣ!

35
Ҳон, Рӯдакӣ, аз қайди ғам озод бизӣ!
Бо хотири хурраму дили шод бизӣ!
Вайронии худ мангару ободии даҳр,
Вайронии даҳр бину обод бизӣ!

36
Нарафта ба шаҳроҳи васлат гоме,
Ноёфта аз ҳусну ҷамолат коме,
Ногоҳ шунидам зи фалак пайғоме,
К-«аз хумми фироқ нӯш бодат ҷоме!»


Саҳифаи пешина | Саҳифаи 2 аз 2