Дар дарбори воли қавидасти Саффорӣ Яъқуб ибни Лайс (867-879м.), Муҳаммад ибн Васиф, Бассоми Курд ва Муҳаммад ибни Муҳаллад шоирони маддоҳу дарборӣ буданд. Фирӯзи Машриқӣ, Варроқи Ҳиротӣ, Абӯсулайки Гургонӣ низ аз шоирони давраи салтанати Саффориён ба шумор меравад. Намунаи шеъри мадеҳавии Ибни Васиф дар ситоиши Яъқуб ибни Лайс чуни наст:

Ай амире, ки амирони ҷаҳон хосаву ом
Бандаву чокару мавлою сагбанду ғулом,
Азалӣ хате дар лавҳ, ки «мулке бидиҳед,
Ба Абӣ Юсуфи Яъқуб бину –л-Лайси ҳумом!»

… Амр Аммор туро хост в-аз ӯ гашт барӣ,
Теғи ту кард миёнҷӣ ба миёни даду дом.
Амри ӯ назди ту омад, ки «ту чун Нӯҳ бизӣ!»
Дари Окор тани ӯ, сари ӯ боби Туом.


Аз он чи иқтибос шуд ва аз он абиёти бозмондаи Вассофи Курду Ибни Муҳаллад бармеояд, ки дар шеъри ибтидои қарни XIII мо нақши сурудаҳои мардумӣ ва луғоту вожаҳои халқиро намебином. Ашъори ин шоирон бештар бо ибораву калимоти арабӣ ва дар доираи ташбеҳоту истиороти шеъри араб сохта шудааст. Ба ибораи дигар гӯем, шоирони ин қарн аз тақлид ва пайравии шеъри араб дур наратааст ва ба суруду таронаҳои халқӣ камтар рӯй оврадаанд.

* * *

Дар охири асри IX ба арсаи мубориза намояндагони хонадони Сомонӣ баромаданд, ки онҳо аз оғози асри IX ба идораи вилоятҳои гуногуни Мовароуннаҳр аз ҷониби хилофати Араб маъмур буданд. Чунон, ки Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» ёдовар шудааст, сарнасли Сомониён Сомонхудот буда, зодгоҳаш Балх ва давраи ҷавониву камолёбияш ба деҳаи Сомон дар атрофии Марв ва шаҳрҳои Марву Бухорою Самарқанд гузаштааст. Сомонхудот донишманди шинохтаи давр буд ва аз кеши зардуштӣ баргашта, ислом оварда буд. Ӯ бо кордониву хирадмандӣ ба ҳокими Хуросон Асад ибни Абдуллоҳ писанд омада, ҳокими Марв таъйин мегардад. Сомонхудот дар Мавр хонадор, соҳиби фарзанд мешавад ва писарашро ба эҳтироми дӯстӣ бузургвораш Асад ибни Абдуллоҳ «Асад» ном мегузорад. Мувофиқи ишораи Наршахӣ ва муаррихони баъдӣ Асадро чаҳор писар буд: Нӯҳ, Аҳмад, Яҳё ва Илёс. Асад монанди падари худ дар идораи мулкҳои Шарқии хилофат ҳамчун мушовир баргузида шуда буд. Чунин эҳтироми ӯ дар хилофат буд, ки ал-Маъмун ибни Ҳорун-ар Рашид (813-833м.) зимоми ҳокимияти Мувароуннаҳру Хуросонро ба чаҳор писари Асад супорид. Аз оғози асри IX Нӯҳ дар Самарқанд, Аҳмад дар Фарғона, Яҳё дар Чочу Истаравшан ва Илёс дар Ҳирот ба ҳокимият оғоз намуданд. Бо мурури замону гузашти вақт Аҳмад ибни Асад тавонист Мовароуннаҳрро муттаҳид намояд ва самарқандро пойтахт интихоб кунад. Ин оғози ташаккули давлати мутамаркази тоҷикон мансуб мешавад. Ташкили давлати Сомониён дар даврае сурат мегирифт, ки хилофати Араб дар муддати беш аз сад соли истисмор дар байни халқҳои Мовароуннаҳру Хуросон исломро ҷорӣ намуда, аммо барои беҳбуди ҳаёти мардуми кишвар хизмати босазое карда натавонист. Хизмати шоиста барои халқу диёр бар дӯши Сомониён вогузор шуд, ки дар сари гаҳвораи он Нӯҳ, Аҳмад ва бародаронаш истода буданд.

Дар байни бародарон гоҳе мухолифату низоъ рух медод, аммо ин пояи ҳукумронии хонадони Сомониёнро суст карда наметавонист. Аҳмад, ки пас аз вафоти Нӯҳ сарварии ҳокимияти Сомониёнро ба даст гирифт, кӯшишу тадбирҳои зиёде ба харҷ дод, ки истиқлоли ҳокимияти Сомониён дар хилофат мавқеъи зиёдтаре дошта бошад. Дар ин мубориза нақши писари Аҳмад – Наср, ки волии Самарқанд буд, нуфузи калон дошт. Пас аз вафоти Аҳмад дар соли 874м. Наср ҳокими мутлақ ва ягонаи Сомониён гардид, ки маркази он шаҳри Самарқанд буд. Соли 875м. халифа Насрро ҳамчун ҳокими хонадони Сомониён дар Мувароуннаҳр эътироф намуда, идораи кишварро ба ӯ супурд.

Дар ин замон Бухоро яке аз мулкҳои Сомониён буд, ки Наср идораи онро ба бародараш Исмоил таҳвил намуд. Дар байни ду бародари чирадаст барои тақсими молиёт ва даромади Бухоро ихтилоф пайдо гардид ва ин ихтилоф ҳатто ба ҷангу ҷидоли лашкарони ду бародар оид шуд. Дар задухӯрди дувум Исмоил ғалаба кард, вале даъвои ҳокимияти мутлақро назди бародараш нагузошт. Ниҳоят, дар соли 892м. баъд аз вафоти Наср Исмоил ба тахти салтанат нишаст ва Бухороро пойтахти давлати Сомониён эълон кард. «Амир Исмоил чун ба Бухоро расид, аҳли Бухоро истиқбол кардан два ба эъзози тамом ба шаҳр дароварданд» - менависад Наршахӣ. Исмоили Сомонӣ ҳамчун арбоби хирадманди давлатӣ ва саркардаву сарлашкари донишманд бо кӯшиши зиёде ба ҷангу куштор ва ихтилофҳои байнихудии аъёну ашрофи маҳаллӣ нуқта гузошта, ба ҳокимияти мутамарказ асоси комил ниҳод.

Дар давраи ҳукумронии Сомониён Мовароуннаҳр на танҳо аз ҷангу ҷидоли феодалони дохилӣ, инчуни аз ҳуҷуми бегоназаминон низ зиёда аз як аср эмин гардида. Исмоили Сомонӣ ҳамеша кӯшиш мекард, ки бо дустони роҳи мурувват ва бо душманони роҳи мудароро пеш гирад. Аз ин ҷо давлати бузарги Сомониён дар сарзамини паҳновари Мовароуннаҳр ва Хуросон аз ҷиҳати иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ яке аз бузургтарин ва пешқадамтарин давлати онвақтаи дунё гардид. Исмоил сиёсатмадори замони худ буд. «Ҳеҷ касс аз оли Сомон бисёрдонтар аз вай набуд» - гуфтааст Наршахӣ.

Исмоили Сомонӣ баробари хотима додан ба муборизаи дохилӣ ва ғалаба аз болои душманони хориҷӣ барои боз ҳам мустаҳкамтар гардидани иқтидори иқтисодии давлат, амнияти марзҳои он аз ҳуҷуми хориҷиён, устувории дарбори амирӣ, ташкили артиши бонизом ва ғайра ислоҳотҳои борвар гузаронидааст. Дар замони ӯ ба илму фарҳанг роҳи васеъ кушода шуд. Ҳамаи чораҷӯйиҳое, ки Исмоили Сомонӣ дар роҳи истиқлол ва истеҳкоми давлат анҷом дод, ба инкишофи иқтисодиёт, соҳаҳои кишоварзӣ, ҳунармандӣ, тиҷорат, кашфи маъдан, шаҳрсозӣ корҳои меъмориву бинокорӣ, пешрафти фарҳанг ва ғайра роҳ кушод. Робитаи тиҷоратии шаҳрҳои Осиёи Миёна бо кишварҳои ҳамсоя пурқувват гардид.

Пешрафти иқтисодии кишвар барои равнақи ҳаёти фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам овард. Дар маркази давлати Сомониён – Бухоро намояндагони беҳтарини илму маданият гирд омада, дар роҳи тараққиёти илм, санъат, фалсафа, адабиёт ва таърих корҳои бузурге анҷом медоданд. Таърихшиноси маъруф Абӯбакри Наршахӣ (вафоташ соли 959 м.), муаррих ва адиб Абдуллоҳи Диноварӣ, ки бештар бо номи Ибни Қутайба машҳур аст (829-889 м.), мунаҷҷим ва риёзиётшинос Абӯмаъшари Балхӣ, табиб ва файласуф Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (замони зиндагияш байни солҳои 850-923 м.), мутарҷими «Таърихи Табарӣ», вазири ибни Нӯҳи Сомонӣ Абӯалӣ Муҳаммад ибни Абулфазл Муҳаммади Балъамӣ (вафоташ соли 937 м.), риёзидон Муҳаммад ибни Мӯсо ал-Хоразмӣ (780-863м.), мутафаккири ҷаҳонӣ Абӯалӣ ибни Сино (980-1038 м.), ва ғайраҳо дар ин давра зиндагӣ ва эҷод намудаанд.

Яке аз воқеаҳои таърихии мардуми форсизабон дар ин давр ба таври мустаҳкам пойдор гаштани забон ва адабиёти форс-тоҷик (дарӣ) буд. Пайдоиш, ташаккул ва тараққиёти баъдии адабиёти классики форс-тоҷик дар ин аср заминаҳои маънавии таърихӣ дошт. Намунаҳои олии адабиёти бостонии форс-тоҷик дар ҳазораи дувуми қабл аз милод арзи вуҷуд намуда, «Готҳо»-и «Авасто» ҳанӯз дар асрҳои XII-X-и пеш аз милод дар рӯйи чандин ҳазор пӯсти гов забту сабт шуда буданд. Он эҷоди пайғамбари эронитаборон Зардушт буд. Баъдтар порчаҳои «Худойномак», «Дарахти Асурик», «Пандномаи Анӯшервон», «Аржанг»-и Монӣ ва ғайра зуҳур карданд. Адабиёти қадими форс-тоҷик (то қарни IX милодӣ) ба забонҳои қадими эронӣ; авастоӣ, паҳлавӣ, суғдӣ, хоразмӣ, баъдтар ҳатто ба забони арабӣ ва амсоли инҳо таълиф шудаанд.

Истилои араб дар муддати муайян ҷараён ва шукуфоии адабиёти пешазисломии форс-тоҷикро қатъ намуд. Аммо анъанаҳои пешини ин адабиёт дар байни халқ, дар адабиёти шифоҳӣ ҳамчунон пойдор будааст ва халқ ба лаҳҷаҳои маҳаллии худ пайваста эҷод мекардааст ва таронаву бадеҳаҳо месурудааст. Порчаҳои манзум, ки аз Абулянбағӣ, Ҳанзалаи Бодғисӣ, Фирӯзи Машриқӣ, Абӯсулайки Гургонӣ ва ғайра боқи мондаанд, гувоҳи онанд, ки дар асри VIII ва оғози асри IX, яъне ҳанӯз то замони ҳукумронии Сомониён адабиёти хаттӣ ба забони дарӣ вуҷуд доштааст ва дар ин адабиёт равияи пешқадами халқи дорои мавқеъи назаррасе буда. Намояндагони равияи пешқадам қаҳрамонии халқи худ, муборизаи онҳоро ба муқобили истилогарон мадҳу ситоиш мекарданд. Шоири асри IX Масъудии Марвазӣ аз гузаштаи қаҳрамонии халқҳои ин сарзамин дар давраи Сомониён афсонаву қиссаву ривоятҳои халқиро ҷамъ намуда, ба назм даровард, ки ин низ тазоҳури ҳамин равияи пешқадам дар назм буд.

То истилои араб Эрону Хуросон ва Мовароуннаҳр минтақаҳои равнақи динҳои мухталиф буд. Дар ин кишварҳо ойини зардуштӣ, кеши монавӣ, мазҳаби исавӣ, маслаки яҳудӣ ва дар баъзе ҷойҳо ҳатто таълимоти будоӣ ва эътиқодии ҳиндӣ вуҷуд дошт. Барои нашри афкор ва тарғиби ақоиди худ мубаллиғини ин адёну мазоҳиб забонҳои арабӣ, паҳлавӣ, сурёнӣ, санскрит ва ғайраро ба кор мебурданд. Дабистону дабиристонҳо, мадрасаҳо, масҷидҳо, оташкадаҳо, дайрҳо, китобхонаҳо ва амсоли инҳо чун қонунҳои баҳсу ташвиқи андешаҳои гуногун буданд. Аксари китобҳои паҳлавӣ баъд аз асрҳои VIII-IX ба забони арабӣ нақл шудаанд».


Саҳифаи пешина | Саҳифаи 2 аз 5 | Саҳифаи оянда