Рухи аъдот аз таши накбад
Ҳамчу қиру шабаҳ сиёҳ омад.

Ҳар он карим, ки фарзанди ӯ балода бувад,
Шигифт бошад, агар аз гуноҳ сода бувад!

Моғи дар об гир гашат равон
Рост чун киштиест қирандуд.

Ситоҳе баромад аз барии шохи дарахти уд,
Ситоҳе зи мушку шох зи анбар, дарахт уд (?)

Бифнуд танам бар дираму обу замин,
Дил ба хираду илму ба дониш бифнуд.

Бад-он мурғак монам, ки ҳаме дӯш
Бар он шохаки гулбун ҳаме фунуд.

Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд!

Аз ҷуд қабо орӣ, пӯшида мушаҳҳар
В-аз маҷд бинодори, бар бурда мушаййад.

Лаъли майро зи дурҷи хум даркаш,
Дар кадунима кун, ба пеши ман ор!

Он хаҷши зи гардан-ш даровехта,
Гӯйи, хикест пур аз бод, дар ӯ рахта аз бод.

Гузида ҷаҳор туст бадудар ҷаҳон, ҳон
Ҳаморо ба охшич, ҳаморо ба кор зор.

То зиндаам, нарафта маро номи ту зи ёд,
Ҳар гиз нагуфтӣ, ки маро ошиқест зор

Бияфкани хуриши покро зи бе аслӣ
Биёканӣ зи палидӣ чу мокиён ту гужор,

Зану духтар-ш гашта мӯякунон,
Рух карда ба нохунон шудгор.

То зиндаам марон нест ҷуз матҳи ту дигар кор,
Кишту дурудам ин аст, хирман ҳамину шудгор.

Чунон бор баровард ба хештан,
Ки ман гӯям, хурдаст сусмон

То ба хок анадарат нагардонад,
Хоку мок аз ту бар надорад кор

Аё сарвбун, дар такопӯйи онанд
Ки фарғандосо бипечам ба ту –бар!

Моҳӣ осон гирад кабудар, гӯйӣ,
Теғат моҳист, душманон –т кабудар

Касеро, ки бошад ба дили меҳри Ҳайдар,
Шавад сурхрӯ дар ду гетӣ ба овар.

Мурхилоно рикоб заррогин,
Пойи озодагон наёбад сур

Бо дирафши ковиёну тоқдес,
Зари муштафшору шоҳона камар.

Фохта бар сарв шоҳруд баровард,
Захма фуру ҳишт зандвоф ба танбӯр.

Агар ман завиҷат бихӯрдам гаҳе,
Ту акнун биёву завиҷам бихӯр.

Бувад аъвару кӯсаҷу лангу пас ман
Нишаста бар ӯ чун калоғе бар аъвар.


Саҳифаи пешина | Саҳифаи 3 аз 8 | Саҳифаи оянда