41
Меҳтарони ҷаҳон ҳама мурдаанд
Маргро сар ҳам фурӯ кардаанд.
Зери хок андарун шуданд онон
Ки ҳама кӯшкҳо баровардаанд.
Аз ҳазорон ҳазор неъмату ноз
На ба охир ба ҷузъ кафан бурдаанд!
Буд аз неъмат он чи пӯшиданд
В-он чи додану он чиро хӯрдаанд.

42
Киро лабону то бояд, шакар чӣ суд кунад,
Ба ҷойи меҳри ту меҳри дигар чи суд кунад?
Маро ту роҳати ҷонӣ муояна, на хбар,
Киро муоина ояд, хабари чӣ суд кунад?
Сипар ба пеш кашидам хаданги қаҳри туро
Чу тир ба ҷигар ояд, сипар чӣ суд кунад?!

43
То кай гӯйӣ, ки аҳли гетӣ
Дар ҳатию нестӣ лаъиманд?
Чун ту тамаъ аз ҷаҳон буридӣ,
Донӣ, ки ҳама ҷаҳон кариманд.

44
Агарчи узр басе буд, рӯзгор набуд,
Чунон ки буд, ба ночор хештан бахшуд.
Худойро бисутудам ки, кирдугори манн аст,
Забонам аз ғазалу мадҳи бандагон-ш насуд.
Кадом наҳс баромад ки –м аз ту ғоиб кард,
Кадом боди балок аз к-аз туам бирбуд.
Якем хилъат пӯшид доғи фурқати ту,
Ки тори ӯст пушаймониву ғами дил пуд.
Ҳама бар танбулу банд аст боз гаштани ӯ
Шаранги нӯшомеғ асту рӯйи зарандуд.
Бунафшаҳои тарӣ хайл-хайл сарбар кард
Чу оташе, ки ба гугирд бардавид кабуд.
Биёру ҳон бидеҳ он офтоб, к-аш бихӯрӣ,
Зи лаб фурӯ шаваду аз рухон барояд зуд.

45
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд,
Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд.
Сапеди симрада буду дурру марҷон буд,
Ситораи саҳарӣ буду қатра борон буд!
Яке намонд кунун з-он ҳама, бисуду бирехт
Чӣ наҳс буд, ҳамоно ки наҳси Кайвон буд!
На наҳси Кайвон буду на рӯзгори дароз,
Чӣ буд? Ман-т бигӯям: қазои Яздон буд.
Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест гирди гардон аст,
Ҳамеша то бувад ойин-ш, гирд гардон буд.
Ҳамон, ки дармон бошад, ба ҷойи дард шавад
Ва боз дард ҳамон, к-аз нахуст дармон буд.
Куҳан кунад ба замоне, ҳамон куҷо нав буд
Ва нав кунад ба замоне ҳамон, ки хулқон буд.
Басо шикаста биёбон, ки боғи хуррам буд
Ва боғи хуррам гашт он куҷо биёбон буд
Ҳаме чи донӣ эй моҳрӯйи ғолиямӯй,
Ки ҳоли банда аз ин пеш бар чӣ сомон буд?!
Ба зулфи ҷавгон нозиш ҳамекунӣ ту бад-ӯ
Надидӣ он гаҳ ӯро, ки зулфҷавгон буд.
Шуд он замона, ки рӯяш ба сони дебо буд
Шуд он замона, ки мӯяш басони қатрон буд!
Чунонки хубӣ меҳмону дӯст буд азиз,
Бишуд, ки боз наёмад, азиз меҳмон буд.
Басо нигор, ки ҳайрон будӣ бад- ӯ -дар чашм,
Ба рӯйи ӯ-дар чашмаш ҳамеша ҳайрон буд.
Шуд он замона, ки ӯ шод буду хуррам буд,
Нишоти ӯ ба фузун буду ғам ба нуқсон буд.
Ҳаме хариду ҳаме сахт бешумор гирам,
Ба шаҳр ҳар кӣ яке турки норпистон буд.
Басо канизаки неку, ки майл дошт бад- ӯ,
Ба шаб зи ёрии ӯ назди ҷумла пинҳон буд.
Ба рӯз чунки наёраст шуд ба дидани ӯ,
Ниҳеби хоҷаи ӯ буду бими зиндон буд.
Набиди рӯшану овози хубу рӯйи латиф
Куҷо гардон буд, зӣ манн ҳамеша арзон буд.
Ҳамеша шоду надонистаме, ки ғам чӣ б-вад,
Дилам нишоту тарабро фарох майдон буд.
Дилам хизонаи пурганҷ буду ганҷ сухан,
Нишонаи номаи мо меҳру шеър унвон буд.
Басо дило, ки басони ҳарир карда б шеър,
Аз он сипас, ки ба кирдори сангу сандон буд.
Ҳамеша чашмам зӣ зулфакони чобук буд,
Ҳамеша гӯшам зӣ мардуми сухандон буд.
Иёл не, зану фарзанд не, маъунат не,
Аз ин ҳама танам осуда буду осон буд.
Ту Рӯдакиро, ай фағ, кунун ҳамебинӣ
Бад-он замона надидӣ, ки инчунинон буд.
Бад-он замона надиди, ки зӣ чаман рафтӣ,
Сурудгӯён, гуфти ҳазордастон буд!
Шуд он замона, ки ӯ унсирдмардон буд,
Шуд он замона, ки ӯ пешкори мирон буд.
Ҳамеша шеъри варо зи мулк девон аст,
Ҳамеша шеъри варо зи мулки девон аст.
Шуд он замон, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бинвашт,
Шуд он замона, ки ӯ шоири Хуросон буд.
Куҷо ба гетӣ будаст номвар деҳқон,
Маро ба хонаи ӯ сим буду ҳумлон буд.
Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ,
Варо бузургию неъмат зи оли Сомон буд.
Бидод мири Хуросон-ш чил ҳазор дирам,
Дар ӯ фузуни як панҷи мири Мокон буд.
В-аз авлиёш пароканда низ ҳашт ҳазор
Ба ман расид , бад –он вақт ҳол чунон буд!
Чу мир дид сухан, дод доди мардии хеш
Зи авлиёш чунон к-аз амир фармон буд.
Кунун замона дигар гашту манн дигар гаштам,
Асо биёр, ки вақти асову анбон буд.

46
Май орад шарафи мард ме падид,
Озоднажот аз дирамхарид.
Май озода падид орад аз бад асл,
Фаровон ҳунар аст андар ин набид!
Ҳар он гаҳ, ки хурӣ май, хуш он гаҳ аст,
Хоса чу гулу ёсаман дамид.
Босо ҳисни баландо, ки май кушод,
Басо курраи навзин, ки бишканид.
Басо дуни бахило, ки май бихӯрд,
Каримӣ ба ҷаҳон-дар пароканид.

47
Кор ҳама рост, ончунон ки бибояд,
Ҳоли шодист, шод бошӣ, шояд.
Андуҳу андешаро дароз чӣ дорӣ?
Давлати ту худ ҳамон кунад, ки бибояд!
Ройи вазирон туро ба кор наёяд,
Ҳарчӣ савоб аст, бахт худ фармояд.
Чарх наёрад бадили ту зи халоиқ,
В-он ки туро зод, низ чун ту назояд.
Эзат ҳаргиз даре набандад бар ту,
То сари дигар ба беҳтарӣ накшояд.

48
Дарё ду чашму оташ бар дил ҳаме физояд,
Мардум миёни дарё в-оташ чӣ гуна пояд?!
Яшки наҳанг дорад, дилро ҳаме хас ояд,
Надҳам, ки ногуворад, к-эдун нахурд хояд!

49
Анде ки амири мо боз ояд пирӯз,
Марг аз паси дидан-ш раво бошаду шояд.
Пиндошт ҳаме ҳосид, к-ӯ бознаёяд,
Бозомад, то ҳар шафақе жош нахояд.

50
Ҳар бод, ки аз сӯи Бухоро ба манн ояд,
З-ӯ бӯйи гулу мушки насими саман ояд.
Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод,
Гӯйи магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Не, не зи Хутан бод чунин хуш навазад ҳеҷ,
К-он бод ҳаме аз бри маъшуқи ман ояд.
Ай турки камарбаста, чунонам зифироқат,
Гӯянд қабои ту маро пироҳан ояд
Ҳар шаб нигаронам ба Яман то ту бароӣ,
Зеро ки Суҳайливу Суҳайл аз Яман ояд.
Кӯшам, ки бипӯшам, саномо, номи ту аз халқ,
То номи ту кам дар даҳани анҷуман ояд.
Ба ҳар кӣ сухан гӯям, агар хоҳаму гар не,
Аввал Суханам номи ту андар даҳан ояд.

51
Дареғи мидҳати чун дурру обдор ғазал,
Ки чобуки-ш наёяд ҳаме ба лафз падид.
Асоси табъ бапояст, бал қавитар аз он,
Зи олати сухан омад ҳаме ҳама монид.

52
Нигорино шунидастам, ки гоҳе меҳнату роҳат
Се пироҳан салаб будаст Юсуфро ба умр-андар:
Яке аз қайд шуд пурхун, дувум шуд чок аз тӯҳмат
Савум Яъқубро аз бӯш равшан гашт чашми тар.
Рухам монад бад-он аввал, дилам монад бад-он сони,
Насиби ман шавад дар васл он пироҳани дигар?

53
Ба рухаш зулф ошиқ аст чу ман,
Лоҷарам, ҳамчу манаш нест қарор.
Ману зулфини ӯ нагуносоре,
Ӯ чаро бар гул асту манн бар хор?!
Ҳамчу чашмам тавонгар аст лабаш,
Он ба лаъл, ин ба луълуи шаҳол.

54
Раг, ки бо пешёр бинмои,
Дили ту хушк кунад ба хушгуфтор.
Бод якчанд бар ту паймояд,
Анд, к-ӯро раво шавад бозор.

55
Маро ҷуди ӯ тоза дорад ҳаме,
Магар ҷудаш абр асту ман киштзор?!
Магар як сӯафкан, ки худ ҳамчунин,
Биандешу дида хирад баргумор.
Абобарқу бо ҷастани соиқа,
Або ғул-ғули раъд дар кӯҳсор.
На моҳи Сиёмӣ, намоҳи фалак
Ки инат ғулом асту он пешкор.
Начун пури мири Хуросон, ки ӯ
Аторо нишаста бувад кирдигор.

56
Агар гул орад бар он рухони ӯ, нашигифт,
Ҳар оина чу ҳаме май хурад, гул орад бор,
Ба зулф каж, валекин ба қаду қомат рост,
Ба тан дуруст, валекин ба чашмакон бемор.

57
Гар шавад баҳри кафи ҳиммати ту мавҷзанон,
В-ар шавад абри сари рояти ту тӯфонбор,
Бар маволи–т бипошад ҳама дурру гуҳар,
Бар аъоди–т биборад ҳама шахкосаву хор.

58
Ай хоҷа ин ҳама, ки ту бар медиҳӣ шумор,
Бодоми тару секиву баҳмону бостор.
Мор аст ин ҷаҳону ҷаҳонҷӯй моргир,
Аз моргир мор барорад ҳаме димор.

59
Ай ошиқони дилдода бад-ин ҷойи сипанҷӣ,
Ҳамҷун шаманӣ шефта бар сурати фархор.
Ёд ориву донӣ, ки туӣ зираку нодон,
В-ар ёд наорӣ, ту сиголиш куну ёд ор.

60
Дарвозу даревос фурӯ гашту баромад,
Бим аст, ки як бор фуруд ояд девор.
Девори куҳна гушта набардорад поддир,
Як рӯз ҳама паст шавад ранҷиш бигзор?


Саҳифаи пешина | Саҳифаи 3 аз 5 | Саҳифаи оянда