Баъди истилои араб дар сарзамини эронитаборон, ки онро баътар қавмҳову халқиятҳои атрофу акнофи Мовароуннаҳру Хуросон низ қабул намудаанд, фотеҳони араб алифбои арабӣ ва забони тозиро расман ҷорӣ карданд. Ин кӯшише буд барои аз байн бурдани забону фарҳанги мо. Вале ин тавр нашуд. Мардуми маҳаллӣ мероси фарҳангии то истилои арабро сина ба сина бо истифода аз хотираҳои дарроку қавӣ ба наслҳои баъдӣ мерасониданд, урфу одат, расму русуми миллиро кам андар кам ба дасти фаромӯшӣ медоданд, бо он ки ба адабиёти шифоҳиву китобии форс-тоҷик, бо қабул намудани дини ислом, мавзӯъҳои тозае аз ривоятҳои Қуръон дар хилқати Оламу Одам, киштии Нӯҳ, қиссаҳои Юсуфу Сулаймон, асҳоби Каҳф, масалҳои мардумии арабӣ, биҳишту дузах, меъроҷ ва ғайра ворид шуд. Ҳатто кор ба ҷойе расид, ки баъзе нақлу ривоятҳои арабӣ вориди кутуби таърих гардидаанд. Дар баробари ин, тавре, ки дар боло ишора рафт, фарҳангу тафаккури эрониён ба адабиёти арабӣ ҷилои тозае бахшид, назму насри арабиро ҳамаҷониба ғанӣ гардонид, дар кишварҳои зердасти арабҳо ҳатто суханварони дузабона ба майдони адабиёти эронинажодон ворид гардидаанд. Дар Хуросону Мовароуннаҳр осори илмӣ асосан ба забони арабӣ навишта мешудаанд. Аз ҷумлаи 415 шоире, ки дар тазкираи Абӯмансур Абӯмалик ибни Муҳаммад ибни Исмоил ас-Саолибӣ (961-1038м.) «Ятимату-д-даҳр» оварда шудааст, беш аз 120 нафарашон дар замони ҳукумати Сомониён (875-999м.) ва ибтидои асри XI м. дар Хуросону Мовароуннаҳр умр ба Сар бурда , ба арабӣ ва ё ба ду забон; арабӣ ва форсии тоҷикӣ асар эҷод мекарданд.

Бунёди бегазанди адабиёти нави форс-тоҷик, ки имрӯз ҳам дарёи бузурги он шодоб аст, дар асрҳои IX-X милодӣ гузошта шудааст. Баъди он ки Бухоро пойтахти дувуми Оли Сомон (892м.) эълон шуд (пойтахти аввалӣ шаҳри Самарқанд), ба он ҷо беҳтарин суханварон, мунаҷҷимон, олимон, табибон, аҳли ҳунар ва ғайра гирд омадаанд. Дар зери таъсири ишон амирону вазирон, мирзоёну ҳокимони маҳалҳо ва фарзандони онҳо беш аз пеш ба илму адабиёт рӯй меоварданд. Дар Бухоро барои илмомӯзӣ шароити мусоид муҳайё гардида буд. Китобхонаи бузурги Сомониён «Сивону-л-ҳикмат» («Ганҷинаи ҳикмат») хазинаи илму фалсафа, донишу фарҳанги Шарқу Ғарб буд. Абӯалӣ ибин Сино сохти китобхонаро чунин ёдовар шудааст: «Ман ба иморате дохил шудам, ки хонаҳои зиёде дошт. Дар ҳар як хона сандуқҳои пур аз китобро бар болои якдигар ниҳода буданд. Дар як хона китобҳои арабӣ ва девонҳои шуъаро ва хонаи дигар китобҳои дин ва фиқҳ ва ҳамчунон ҳар хона шомили китобҳое дар соҳае буд. Манн феҳристи китобҳои муаллифони қадимро хостор шудам ва он китобҳо, ки ниёзманди онҳо Будам , хостам ва онҷо китобҳое дидам, ки ниёзманди онҳо будам, хостам ва он ҷо китобҳое дидам, ки ҳатто номи онҳо бар бисёр касон маҷҳул (номаълум) буд ва аз он пас чунинҷамъомади китобҳоро дар ҳеҷ ҷой надидам».

Дар ҳақиқат Сомониён дар баробари таъмин намудани ҳаёти осудаи кишвар, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоъиву сиёсӣ ба илму фарҳанг диққати ниҳоят бузурге равона карда буданд, ки як рукни намоёни онро адабиёт ташкил менамуд, адабиёте, ки дар асрҳои VIII-IX ташаккул ёфта, дар асри X ба зинаи баланди инкишоф расида буд. Ва устод Рӯдакӣ аз саромадон асосгузорони ин ҷараёни навшӯҳрати адабӣ ба шумор мерафт. Дар сарчашмаву маъхазҳо, баъзе тазкираву осори адабии то ибтидои асри XX ва пажӯҳишу таҳқиқоти илмии беш аз 200-сола роҷеъ ба рӯзгори сипаришуда ва мероси адабии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, аз ишораҳои ҷузъӣ Сар карда, то китобҳои алоҳида гуфтаниҳое гуфта шуда бошанд ҳам, доир ба ин мавзӯъ гиреҳҳои нокушода ва масъалаҳои ҳалношудаву баҳсталаб бисёранд, ки ҳанӯз ҳаллу фасли худро наёфтанд. Гузашта аз ин, муаллифони маъхазҳо ва дар ин замина баъзе рӯдакишиносони ватаниву хориҷӣ ҳатто ном ва ҷойи таваллуди ӯро ба тарзҳои гуногун навиштаанд.

* * *

Омӯзиши илмии рӯзгор ва осори Рӯдакӣ дар қарни XIX дар Урупо шуруъ шуд. Аз олимони Урупо номи ду нафар донишманд бо пажӯҳиши ҷиддии худ имрӯз ҳам дар рӯдакишиносӣ нақше дорад. Яке шарқшиноси олмонӣ Ҳерман Эте буд, ки дар соли 1873 китобе дар шарҳи рузгори устод Рӯдакӣ навишта, бори аввал шеърҳои ӯро гирд овард. Аммо ин донишманд дуруст таваҷҷӯҳ намуд, ки дар маъхазҳои ашъори зиёде саҳван ба номи Рудакӣ сабт шудааст. Саҳву хатоҳои маъхазҳои шарқӣ ва донишмандони Ғарбро муҳаққиқи англис Дениссон Росс бори аввал ислоҳ намуд ва дар рӯдакишиносӣ донишмандонро огаҳӣ дод, ки ҳар чи ба номи Рӯдакӣ дар маъхазҳо сабт шудааст, на ҳама аз Рӯдакӣ аст.

Омӯзиши Рӯдакӣ дар диёри вай ва дар сарзамини иштиҳори ӯ дертар шурӯъ шуд. Дар соли 1926 Вазорати маорифи Тоҷикистон дар маъракаи тарғиби мактабу маорифи нав рӯй ба мероси гузашта ва пеш аз ҳама ба шахс ва осори Рӯдакӣ овард. Вазорат аҳамияти Рӯдакӣ ва осори ӯро дар бой гардонидани ҷаҳони маънавии мардум таъқид намуда, яке аз Рӯзҳои Наврӯзро Рӯзи Рӯдакӣ ва таблиғу тарғиби эҷодиёти шоир эълон намуд. Устод Айнӣ барои мардуми Ҷумҳурии навташкили Тоҷикистон мероси гузаштаи адабиётамонро дар китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» гирд овард ва саҳифаи аввали онро аз шарҳи ҳоли Рӯдакӣ ва шеъри шоир оғоз намуд . Соли 1940 Айнӣ дар бораи Рӯдакӣ рисолаи илмие навишта, бори аввал дар рӯдакишиносии мо диққати аҳли илмро ба ҷамъ намудани ашъори Рӯдакӣ аз маъхазҳои хаттӣ ҷалб намуд.

Дар Эрон дар авали солҳои сивуми қарни гузашта шодравон устод Саъид Нафисӣ ба тадқиқи ниҳоят амиқ ва доманадори муҳити зиндагӣ, рӯзгор ва осори Рӯдакӣ шурӯъ кард. Се муҷаллади ин тадқиқоти Рӯдакӣ дар солҳои 1930-1940 аз Чоп баромад. Дар ҷилди севуми ин китоб қариб ҳазор мисраъ шеъри Рӯдакӣ гирд омада буд. Китоби Саъид Нафисӣ гутан метавон сароғози ҳақиқии илми рӯдакишиносӣ гардид.

Ба муносибати ҷашни 1100-солагии Рӯдакӣ дар мавзӯи рӯзгор ва осори Рӯдакӣ монографияи Абдулғанӣ Мирзоев, китобҳои Х. Мирзозода, Ш. Ҳусейнзода ва чандин маҷмӯаи илмӣ ба чоп расид. Дертар дар бораи Рӯдакӣ монографияи устоди Донишкадаи шарқшиносии Донишгоҳи Петербург А. Тоҳирҷонов (1968), китоби устод И.С. Брагинский (1989) ва ниҳоят китоби адабиётшинос Аълохон Афсаҳзод «Одамушшуаро Рӯдакӣ» (2003) ба Чоп расид.

Корҳои мутааддиди дигар, ки дар ин самти адабиётшиносӣ ва шарқшиносӣ анҷом гирифтаанд, асосан ба таҳқиқи матни осори бозмондаи устод Рӯдакӣ ва тасвири баъзе ҷузъиёти рӯзгори ӯ алоқаманданд ва ҳар кадом дар ҷою мақоми худ дар рӯдакишиносӣ зина ба зина қадамҳои нав ва устувор ба шумор меравад.

Номи ин шоири забардасти адабиёти орс-тоҷик Абӯабдуллоҳи Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ муқаррар шудааст. Вай тақрибан соли 858м. дар деҳаи Рӯдак, ки аз рустоҳои ноҳияи Панҷакент аст, ба дунё меояд. Аксари тазкиранависон ва таърихнигорони пешин зодгоҳи ӯро дар яке аз деҳ ё қаряҳои атрофии Самарқанд муқаррар намудаанд. Ин тахмин ва норавшанӣ соли 1940 дар натиҷаи сӯҳбати устод Садриддин Айнӣ бо яке аз сокинони деҳоти атрофии Панҷакент ва табиқи шаҳодати он гувоҳи зинда ба асноди маъхазҳо саҳеҳ муайян гардид. Яъне, чойи таваллуди шоир ва оромгоҳаш деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта шудааст. Ба ин маънӣ, ҳанӯз муаллифи «Китобу-л-ансоб» Тоҷулислом Абӯсайиди Абдулкарим ибин Муҳаммад ибни Мансур ибни Абӯбакр Муҳаммад Тамимии Марварзии Самъонӣ (506-565 ҳ. / 1113-1166м.) навишта буд: «Ал-Бунуҷӣ … нисбае бувад ба деҳае аз деҳаҳои Рӯдак, ки Банҷрӯдакаш гӯяд. Ва ин қутб Рӯдак боша два шоири маъруф Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ин деҳа бувад…». Аз ин рӯ, дар бобби зодгоҳи устод Рӯдакӣ то пайдо шудани далойили собиткунандаи нав набояд шакку шубҳа ва тахминҳои дигар ҷой дошта бошанд. Зеро гумон аст, ки санади радкункндае нисбат ба нигоштаи Самъонӣ ва баъдинагони ӯ минбаъд пайдо гардад.

Соли 1956 аз рӯйи тадқиқотҳои утод Садриддин Айнӣ бо роҳбарии профессор М.М. Герасимов ковишҳои махсуси илмӣ гузаронида шуда, қабри устод Рӯдакӣ пайдо гардид. М.М. Герасимов аз рӯйи косаи сари шоир симо ва пайкари вайро ба вуҷуд овард. Акнун халқи тоҷик ва тамоми мардуми эронитабор имкон пайдо карданд, ки пас аз асрҳои зиёди сипари шуда самои асосгузори адабиёти худро бо ҳисси ифтихори бузург бибинанд.


Саҳифаи пешина | Саҳифаи 3 аз 5 | Саҳифаи оянда