Боби бӯзина ва боха

Бӯзина ҷасту гурез андар замӣ,
Бонг барзад аз куруз хуррамӣ.

Баски бар гуфта пушаймон будаам,
Баски бар ногуфта шодмон будаам.

Синдбоднома

Хашмаш омад-шу ҳамон гаҳ гуфт: век!
Хост, к-ӯро барканад аз дида кек.

Он гурунҷу он шакар бардошт пок,
В-андар он дастори он зан баст хок.
Он зан аз дуккон фуруд омад чу бод,
Пас фаларзангаш ба даст андар ниҳод.
Шӯй бикшод он фаларзаш, хок дид,
Кард занро бонгу, ай палид!

Май гусро андар такуки шоҳвор,
Хур ба шодӣ рӯзгори навбаҳор.

Гуфт, ҳангоми яке шаҳзода буд,
Гавҳарию пурҳунар, озода буд.
Шуд ба гармоба дарун як рӯз ғушт,
Буд фарбеҳу калону хубгӯшт.

Чунки занро дид луч, кард умтулам,
Ҳамчу оҳан гашту надод эч хам.

Гунбаде наҳмор бар бурда баланд,
Н-аш сутун аз зеру н-аз барсӯш банд.

Бонги зилла кар бихоҳад кард гӯш,
В-эч н-осояд ба гармо аз хурӯш.
Барзанад овоз ду нонак ба даст,
Бонги «ду нонак» сечанд овой ҳаст.

Нони он мудхил зи бас зиштам намуд,
Аз пайи хӯрдан гувориштам набуд.

Аспяле омад он гаҳ нарм-нарм,
То барад маар аспро ӯ гарм-гарм.

Пас шитобон омад инак пирзан,
Рӯй як сӯ коға карда хештан…
То ба хона бурд занро бод илом,
Шодмона зан нишасту шодком..
Андар омад мард ба зан чарб-чарб,
Гандапир аз хона берун шуд ба тарб.

Шоҳ дигар рӯз боғ орост хуб
Тахтҳо бинҳоду баргустурд буб.

Гурбузони шаҳр бо ман тохтанд,
Ман надонистам чи танбул сохтанд!

Гуфт, хез акнуну сози раҳ бисеч,
Рафт бояд-т, ай писар, мамғаз ту ҳеҷ.

Кард рӯбаҳ юзворӣ як зағанд,
Хештанро з-он миён берун фиканд.

* * *

Меҳр дидам, бомдодон чун битофт,
Аз Хуросон сӯйи Ховар мешитофт.
Нимрӯзон бар сари мо баргузашт,
Чун ба Ховар шуд зи мо нодид гашт.

Аз Хуросон бардамад товусваш,
Сӯйи Ховар мешитобад шоду каш.

Ахтаронанд осмон-шон ҷойгоҳ,
Ҳафт тобанда давон дар дуву доҳ.

К-офтоб ояд ба бахшаш зӣ Бара,
Рӯйи гетӣ сабз гардад яксара.

Чун даромад он кадевар марди зафт,
Бел ҳишту доскола баргирифт.

Омад ин шабдиз бо марди хароҷ
Дар биҷунбонид бо бонгу талоҷ.

Дасту кафу пойи пирон пуркалахч,
Риши пирон зард аз бас дуди нахч.

Киштие бар обу каштибон-ш бод,
Рафтан андар водие, яксон ниҳод.
На хала бояд-шу на ангехтан,
На зи каштӣ биму на з-овехтан.

Чунки моланда ба ӯ густоҳ шуд,
Дар дурустӣ омаду дарвох шуд.

Рӯзи ҷастан тозиён ҳамчун наванд,
Рӯзи дан чун шастсола судманд.

Сурхии хафча нигар аз сурхбед,
Муъсафаргун пӯшиши ӯ, худ сафед

Сар фурӯ бурдам миёни обх(в)ар,
Аз фурунҷи ман-ш хашм омад магар.

Аз ту дорам ҳарчи дар ханур,
В-аз ту дорам орду гандум дар канур.

В-аз чаковак нӯф бинӣ растахез,
Дашт баргирад бад-он овойи тез.

Оташе биншонад аз тан тафту тез,
Чун замоне бигзарад гардад гимез.

Чун гули сурх аз миёни пилғӯш,
Ё чу зарин гӯшвор аз хуб гӯш.

Мӯйи сар чағбуту ҷомари нок,
Аз бурнсӯ боди сарду бимнок.

Аз даҳони ту ҳамеояд ғашок.
Пир гаштӣ рехт мӯят аз ҳабок

Зад кулӯхе бар ҳабоки он фажок,
Шуд ҳабоки ӯ ба кирдори мағок

Аблаҳу фарзандро фарҷом хок,
Ҷойгоҳи ҳарду андар як мағок!

Думи саг бинӣ або бадфузи саг,
Хушк гашта, к-аш наҷунбад ҳеҷ раг!

Истода дидам он ҷо дузду ғул
Рӯй зишту чашмҳо ҳамчун дуғул.

Гар дирам дорӣ газан орад ба дин,
Бифкан ӯро гурми дарвешӣ гузин.

Токи зар, бинӣ, шуда динор гумм,
Пар ниёни сабзи ӯ зангоргум

Гуфт: «фардо наштар орам пеши ту,
Худ биёҳанҷам ситем аз реши ту».

Аз ҳама некиву хубӣ дорад ӯ,
Модавар бар кори хеш ар дорад ӯ!

Рӯйи ҳар як чун дуҳафта гирд моҳ,
Ҷомашон ғуфа, самуришон кулоҳ.

Кош он гӯяд, ки бошад беш неҳ,
Бар яке бар чанд бифзояд фареҳ.

Санҷиди челон ба ду нима шуда,
Нуқтаи сурма ба ӯ як-як зада.

Беҳтарин ёрону наздикон ҳама
Назди ӯдорам ҳамеша андама.

Пас биавборид ишонро ҳама,
Нешубонро ҳишт зинда, не рама.

Ҳаст аз мағз сарат, ай мангула,
Ҳамчу рашт монда тиҳӣ аз кашкула!

Обканде дуру бас торик ҷой,
Лағж –лағжон чун дар ӯ бинҳанд пой.

Гуфт, риман марди хоми лакдирой,
Пеши он фартут пири жожхой.

Чун яке жағбут пистонбанди ӯй,
Шир дӯшӣ з-ӯ ба рӯзе дусабӯй!

Хуму хумбаҳ пур, зи андӯҳ дил тиҳӣ,
Заъфарону наргису беду биҳӣ!


Саҳифаи пешина | Саҳифаи 4 аз 6 | Саҳифаи оянда