Зераш Уторид, он ки надонӣ-ш ҷуз Дабир,
Як номи ӯ Уториду як номи ӯст Тир,

Алам абру тундар бувад кӯси ӯ,
Камон одиянда шавад, жола тир.

Оҷиз шавад зи ашки ду чашму ғиреву ман,
Абри баҳоргоҳиву бухтур дар матир.

Гетӣ чу гов нек диҳад шир мар туро,
Худ боз бишканад ба карона ханури шир.

Фарохӣ омад, к-аз зарру сим сер шудӣ,
Ба хуб рӯйи ту ҳар рӯз бешам ояд оз.

Аё нигори Тароз аз бутони Туркистон.
Наёмад эдар чу ту буд аз баҳори Тароз.

Ба ҷаҳон радмард бисёр аст,
Ишқ бар ман ҳаме кунад парвоз.

Ноз, агар хубро сазост ба шарт,
Насазад ҷуз туро карашмаву ноз!

Дар амал то дерёзию дарозӣ мумкин аст,
Чун амал Бодо туро умри дарозу дерёз!

Ба ҳаққи он хами зулфи ба сони минқор боз,
Ба ҳаққи он рӯйи хуб, к-аз ӯ гирифтӣ бароз.

Тӯйӣ, ки ҷавру бахалӣ ба ту гирифт нишеб,
Чунон ки доду саховат ба ту гирифт фароз.

Тозиёну давон ҳаме ояд,
Ҳамчу андар фасила аспи нуҳоз.

Чун латиф ояд гоҳи навбаҳор,
Бонги рӯду бонги кабку бонги таз!

Ту чи гунна ҷаҳӣ, ки дасти аҷал
Бар сари ту ҳаме занад сарпос!

Ниҳод рӯй ба ҳазрат, чунон ки рӯбаҳи пир,
Ба тими вотгарон ояд аз дари тамос.

Гиради оби ҷӯйраз пандом,
Чун бувад баста набкро зи хас.

Аз чи тавба накунад хоҷа, ки ҳар ҷо ки бувад,
Қадаҳе май бихурад, рост кунад зуд ҳарош!

Бут, агар чи дорад нақш,
Назди рухсораи ту ҳаст харош!

Ҳасудон-тро дода Баҳромбахш,
Туро баҳра карда саодат Завош!

Бар ҳабк ниҳода ҷоми бода
В-он гаҳ зи ҳабк нӯш кардаш.

Ҳаме то қутб бо хӯр аст зери гумбади ахзар,
Шакрпошаш зи як пала–сту аз дигар фалосангаш.

Бонг кардам-т, ай фағи симин,
Зӯш хондам туро, ки ҳастӣ зӯш!

Кофури ту болус бувад, мушки ту бо нок
Болуси тару кофур кунӣ доим мағшуш.

Гирди гули сурх-андар хате бикашидӣ,
То халқи ҷаҳонро бификандӣ бахалолуш.

Гургро кай расад шалобати шод,
Бозро кай расад ниҳеби шахеш?

Ҳар-к-ӯ биравад рост нишастааст ба шодӣ,
В-он к-ӯ наравад рост, ҳама мужда ҳамедиш!


Саҳифаи пешина | Саҳифаи 4 аз 8 | Саҳифаи оянда