61
Гирд кун, гирд кун дирами бисёр,
Кунҷи хона биёкан аз динор!
Хост аз ҷони ту фиғону хурӯш,
В-омад аз баҳри хоста пайкор.

62
Ба даври адли ту дар зери чархи миноӣ
Чунон гурехт зи даҳри дуранг ранги футур,
Ки боз шона кунад, ҳамчу бод сунбулро,
Ба неши ҷангали хунрез тораки усфур.

63
Чархи фалак ҳар гиз пайдо накарад,
Чун ту яке сифлаи дуну жакур.
Ҳоҷа Абулқосим аз нанги ту
Бар накунад сар ба қиёмат зи гӯр.

64
……………………………………..
Вақти шабгир бонги нолаи зер.
Дӯсто, он хурӯши барбати ту
Хуштар ояд ба гӯшам аз такбир!
Зории зеру ин мадор шигифт,
Гар зи дашт-андар оварад нахчир
Тани ӯ тире не, замон ба замон
Ба дил андар ҳаме гузорад тир.
Гоҳ гирёну гаҳ бинолад зор.
Бомдодону рӯз то шабгир .
Он забоновару забонаш не,
Хабари ошиқон кунад тафсир
Гоҳ девонро кунад ҳушёр
Гаҳ ба ҳушёр барниҳад занҷир.

65
Ҳаме бикӯшти то дар адӯҳ намонд шуҷоъ
Ҳаме бидоди то дар вали намонд фақир.
Басо касо, ки бара асту фархаш бар хонаш,
Басо касо, ки ҷавин нон ҳаменаёбад сер.
Мубодират куну хомуш набош чандино,
Агар-т бадра расонад ҳаме ба дари мунир!

66
Зиндагонӣ чи кутаҳу чи дароз,
На ба озир бимурд бояд боз?!
Ҳама ба чанбар гузор хоҳад буд,
Ин раснаро, агарчи ҳаст дароз.
Хоҳӣ андар анову шаддат зӣ,
Хоҳӣ андар амон ба неъмату ноз!
Хоҳӣ андактар аз ҷахон бипзир,
Хоҳӣ аз Рай бигир то ба Тароз.
Ин ҳама боду буди то хоб аст,
Хобро ҳукм не магар ба маҷоз.
Ин ҳама рӯзи марг яксонанд,
Нашиносӣ зи якдигарашон боз.

67
Рӯй ба меҳроб ниҳодан чӣ суд,
Дил ба Бухорову бутони Тароз?!
Эзади мо васвасаи ошиқӣ,
Асту пазирад напазирад намоз!

68
Замона аспу ту роиз барои хешат тоз,
Замона гӯйи ту ҷавгон барои хешат боз..
Агарчи чангнавозон латифдастбувад,
Фидои дасти қалам бод дасти чангнавоз.

69
Чун сипарам неҳ миёни базм ба Наврӯз,
Дар маҳи баҳман битозу ҷони аду сӯз.
Боз ту беранҷ бошу ҷони ту хуррам
Бо наю бо рӯду набиди Фанорӯз!

70
Ҳамебароям бо он ки бар наояд халқ
Ва барнаёям бо рӯзгорт хӯрдакурез.
Чу фазли мир Абулфазл ба ҳама маликон,
Чу фазли гавҳару ёқут бар набаҳра пашиз.

71
Гар набадбахтаме, маро ки фиканд
Ба яке ҷофҷофи зудғарас?
Ӯ маро пеши шер бипсандат,
Ман натавонам бар ӯ нишаста магас.
Гар чи номардум аст он нокас,
Бишавад сер аз ӯ дилам? Паргас!

72
Корвони Шаҳид рафт аз пеш
В-они норафтагиру меандеш.
Аз шумори ду чашм як тан кам
В-аз шумори хирад ҳазорон беш
Тӯшаи ҷони хеш аз ӯ бирбой
Пеш к-ояд –т марги пойогеш.

73
Чун ҷомаи ашам ба тан андар кунад касе,
Хоҳад зи кирдигор ба ҳоҷат муроди хеш.
Гар ҳаст божгума маро ҷомаи бузург,
Бинҳодаам дуъои туро бандавор пеш.

74
Раҳӣ савору авони тавонгар аз раҳи дур,
Ба хидмат омад некусиголу некандеш.
Писанд бошад маар хоҷаро пас аз даҳ сол,
Ки бозгардад пиру пиёдаву дарвеш?!

75
Он ч ибо ранҷ ёфтишу ба зулл,
Ту ба осонӣ аз гизофа мадеш!
Хеш бегона гардад аз пайи суд,
Хоҳӣ он рӯз музд камтар деш!

76
Ай лак, ар ноз хоҳию неъмат,
Гирди даргаҳи ӯ кунӣ лаку пак.
Яхча бориду пойи ман бифсурд,
Варағ барбанд яхчаро зи фалак.

77
Басо, ки маст дар ин хона будаму шодмон,
Чунон-к ҷоҳи манн афзун буд аз суруду мулук.
Кунун ҳамонаму хона ҳамону шаҳр ҳамон,
Маро нагӯй, ки аз чӣ шудаст шодӣ сук!

78
З-он май, ки гар сиришке аз он дарчакад юа Нил,
Сад сол маст бошад аз бӯйи ӯ наҳанг.
Оҳу ба дашт агар бихурад қатрае аз ӯ,
Ғуррандашер гардаду н-андешад аз паланг!

79
Майи лаъл пеш ору пеши манн ой,
Ба як даст ҷому ба як даст чанг.
Аз он май маро деҳ, ки аз акси ӯ,
Чу ёқут гардад ба фарсанш санг!

80
Касон, ки талхии заҳри талаб намедонанд,
Туруш шаванду битобанд рӯ зи аҳли суол.
Туро, ки мешунавӣ, тоқати шунидан нест,
Маро, ки металабам, худ чӣ гуна бошад ҳол?


Саҳифаи пешина | Саҳифаи 4 аз 5 | Саҳифаи оянда