Солҳои кӯдакии Рӯдакӣ дар зодгоҳаш Панҷрӯд, дар кнори волидайн мегузарад. Вай хеле барвақт хатту савод бароварда, ба омӯзиши илмҳои замонаш машғул шуда будааст. Мегӯянд, ки дар ҳафтсолагӣ «Қуръон»ро азёд карда буд. Муаллифони таскираву маъхазҳо ва дар заминаи боэътимод муҳаққиқин тасдиқ мекунанд, ки шоир дар илми мусиқӣ ва шеър маҳорат ва маълумоти мукаммал доштааст. Ҳамин аст, ки ӯ аз устодони маҳаллӣ ҳатталимкон ҳунари мутрибиро омӯхта, барои такмили ҳунар ва дониш рӯ ба Самарқанд, ки ба зодгоҳи устод наздик ва маркази илму фарҳанги он замон буд, меравад. Дар ин ҷо вай пеш аз ҳама таҳти тарбияи устоди ҳунари мусиқӣ Абулаббоси Бахтиёр ба навохтани асбобҳои мусиқӣ машғул мегардад ва дар навохтани уд, руд, барбат, чанг, най ва ғайра ба дараҷаи устодӣ мерасад. Устод Рӯдакӣ дар Самарқанд ҳамзамон ба омӯзиши таърихи кишвар, таърих ва адабиёти араб, фалсафаи Юнони қадим рағбати калон зоҳир намуда буд. Ривояту достонҳои паҳлавӣ суғдӣ, суриёнӣ, араби ва ғайраро ба шавқ азбар мекард. Ба китоби муқаддаси «Авасто» таваҷҷӯҳи махсус дошт.

Устод Рӯдакӣ дар Самарқанд рӯзгори хушеро ба сар бурдааст. Вай ҳамчун фарди соҳибистеъдод дар баробари машғулияти пайваставу фарогирии илмҳои замон дар манзили деҳқонони сарватманд ба сарояндагиву навозанданӣ ва шоирӣ машғул гардида, дар маҳфилу маҷлисҳои адабию илмии шаҳр иштирок мекарду шӯҳраташ рӯз ба рӯз боло мерафт. Овозаи ин мутрибу овозхон ва шоири баландистеъдод то ба дарбори Сомониён мерасад ва ӯ дар Самарқанд дар аҳди ҳукумронии Насри I ибин Аҳмад дар (ҳукумрониаш солҳои 865-892м.) ба хидмати дарбор даъват карда мешавад.

Ба дарбор омадани устод Рӯдакӣ, аз як тараф, бо таклифи амирони Сомонӣ бошад, аз ҷониби дигар майлу, хоҳиши ӯ низ буд. Ба дарбор майл кардани ин ҳунарманду суханвари дар касбу ҳунари худ баркамол сабабҳои муайян дошт.

Намояндагони сулолаи Сомонӣ бо ҳусни таваҷҷӯҳу дастгирии оммаи халқ дар муборизаи зидди истилогарон ва дар ҷангҳои дохилии байнихудӣ ғолиб омада давлати бузурги мутамаркази феодалиро ба вуҷуд оварда тавонистанд. Пас аз ташаккули ин давлат, дар давраи аввали ҳокимият худ Сомониён аз манфиати оммаи халқ бакуллӣ сарфи назар карда наметавонистанд. Ин сиёсати онҳо чи дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва чи дар ҳаёти фарҳангиву адабӣ нақши муайян дошт. Адабиёт ҳамчун давоми анъанаҳои беҳтарини эҷодиёти шифоҳӣ ва адабиёти хаттии пеш аз ислом бо равияю услуби нав инкишоф меёфт. Сомониён низ бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани иқтидори худ ба пешрафти адабиёт ба ҳимояи намояндагони он мекӯшиданд.

Баъди дар Бухоро ба сари ҳокимият нишастани Исмоили Сомонӣ (ҳукумрониаш 892-907м.) устод Рӯдакӣ бо даъвати вазир Абулфазли Балъамӣ ба Бухоро меояд. Мувофиқи маълумоти мавҷуда он айём вай дар байни хосу ом хеле шӯҳрат ёфта буд. Давраи ҷӯшу хурӯши ҳамаҷонибаи устод Рӯдакӣ замони ҳукумронии Насри II Аҳмади Сомонӣ (ҳукумрониаш солҳои 914-943м.) дар Бухоро будааст. Ӯ бо дастгририву пуштбонии дӯсти соҳибмансабаш Абулфазли Балъамӣ ба мартабаи баланд надимии Насри II Сомонӣ мерасад, дар дарбор ва на танҳо дар дарбор, балки берун аз он ҳамчун сарвари аҳли адаби занон пазируфта мешавад. Дар ин ҷода саҳми вазири дигари Сомониён Абдуллоҳи Ҷайҳонӣ (вафот 941м.) низ калон будааст. Дар атрофии устод Рӯдакӣ ва махфилҳои адабии ӯ суханварони маъруфе, моанди Шаҳиди Балхӣ, Муродӣ, Фароловӣ, Абӯшакри Балхӣ, Абулмасали Бухороӣ, Абулмуайяди Балхӣ, Абӯзароъаи Гургонӣ Абуттаййиби Мусъабӣ, Абулҳасани Оғоҷӣ ва ғайра ҷамъ меомаданд, базмҳои адабӣ меростанд, аз дастовардҳои адабии худ ҳамдигарро воқиф менамуданд. Рӯдакӣ дар Балх ба дидори Робиаи Балхӣ расида ва онҳо бо ҳам аз боби шеъру шоирӣ сӯҳбатҳои хосса ороста будаанд. Дар тасвири ин дидору сӯҳбат Фариддудин Аттори Нишопурӣ (1145-1221м.) дар «Илоҳинома» ҳикояти ҷолиб дорад. Рӯдакӣ дар дарбори Сомониён ба унвони фахрии «Маликушшуаро» сазовор мегардад. Шоирони баъдӣ ӯро ба сифати «султони шоирон», «сари шоирон» «устоди шоирони ҷаҳон», «одамушшуаро», «соҳибкирони шоирӣ» ва ғайра зикр кардаанд.

Аз рӯи шеърҳои мадеҳавӣ ва ғаноии Рӯдакӣ ва навиштаҳои муаллифони тазкираву таърихномаҳо ҳукм кардан мумкин аст, ки вазъи зандагӣ ва мартабаву манзалати шоир дар дарбор ниҳоят хуб ва дар неъмату фаровонӣ мегузаштааст. Шоир таронаҳои ошиқона месуруд, қасидаву мадеҳаҳо дар ситоиши амирону вазирон иншо мекард ва аз қадр шиносии мамдӯҳон ҳамеша хурсанду мамнун буд. Дар қасидаи пирияш гуфтааст, ки сарвату моли ӯ бо давлати амирон баробарӣ мекардааст. Бо вуҷуди ин аз баъзе шеърҳояш бар меояд, ки дар баробари зиндагии осудаву пур аз ниам гоҳе лаҳзаҳои талхӣ доштааст, ки шояд дар асари бадгӯии ҳасудон ва иғвои бадхоҳонаш воқеъ мегардад. Чанд порчаи зеринро аз назар гузаронем:

Боду абр аст ин ҷаҳон афсӯс,
Бода пеш ор, ҳар чи бодо, бод!
Шод буда-ст аз ин ҷаҳон ҳаргиз
Ҳеҷ кас, то аз ӯ ту бошӣ шод?
Дод дида-ст аз ӯ ба ҳеҷ сабаб
Ҳеҷ фарзона, то ту бинӣ дод?!
Ин ҷаҳон пок хобкирдор аст,
Он шиносад, ки дил-ш бедор аст.
Некии ӯ ба ҷойгоҳи ба даст.
Чӣ нишинӣ бад-ин ҷаҳон ҳамвор,
Ки ҳама кори ӯ на ҳамвор аст.
Дониши ӯ на хубу чеҳра-ш хуб,
Зишткору хубдидор аст.


Саҳифаи пешина | Саҳифаи 4 аз 5 | Саҳифаи оянда