Қасоид, тағаззул, қитъа ва
пораҳои бозмонда аз онҳо


1
Ба ҳақ нолам зи ҳаҷри дӯст зоро,
Саҳаргоҳон чу бар гулбун ҳазоро.
Қазо гар доди манн настонад аз ту,
Зи сӯзи дил бисӯзонам қазоро.
Чу ориз барфурӯзӣ мебисӯзам қазоро.
Чу манн парвона бар гирдат ҳазоро.
Нагунҷам дар лаҳад, гар з-он ки лахте,
Нишинӣ бар мазорам сӯгворо…
Ҷаҳон ин асту чуни наст, то буд
Ва ҳамчунин бувад инанд боро!
Ба як гардиш ба шоҳаншоҳӣ орад,
Диҳад дайҳиму тоҷу гӯшворо…
Ту-шон зери замин фарсуда кардӣ,
Замин дода маар эшонро зағоро.
Аз он ҷонбӯз лахте хуни раз деҳ,
Сипарда зери пой андар сипоро!

2
Гирифт хоҳам зилфини анбарини туро,
Ба бӯса нақш кунам барги ёсамини туро.
Ҳар он замин, ки ту як роҳ бар ӯ қадам биниҳӣ,
Ҳазор саҷда барам хоки он замини туро.
Ҳазор бӯса диҳам бар сиҳои номаи ту
Агар нагирам рӯзе манн остини туро.
Агарчи хомуш мардум, ки шеър бояд гуфт.
Зуфони манн ба равӣ гардад офарини туро.

3
Пӯпак дидам ба ҳаволи Сарахс,
Бонгак бар бурда ба абр андаро.
Чодараке дидам рангин бар ӯ,
Ранг басе гунна бар он чодаро!

4
Ҷаҳоно, чӣ бинӣ ту аз баччагон,
Ки гаҳ модарӣ, гоҳ модандаро!
На подир бояд туро на сутун,
На девори хишту на з-оҳан даро!

5
Касс фиристод ба сирр-андар айёр маро,
Ки макун ёд ба шеър-андар бисёр маро.
Ин фажапир зи баҳри ту маро хор гирифт,
Бираҳонод аз ӯ эҷади ҷаббор маро.

6
Гар манн ин дӯсти ту бибарам то лаби гӯр,
Бизанам наъра, валекин зи ту бинам ҳунаро.
Асари мир нахоҳам, ки бимонад ба ҷаҳон,
Мир хоҳам, ки бимонад ба ҷаҳон-дар асаро…
Ҳар киро, рафт, Хаме бояд рафта шумриш,
Ҳар киро, мурд, ҳаме бояд мурда шумаро!

7
Ба номи неки ту, хоҷа, фирефта нашавам,
Ки номи неки ту дом асту зарқ маар нонро.
Кассе, ки дом кунад номи нек аз пайи нон,
Яқин бидон, ки дом аст нон-ш маар ҷонро!

8
Дило, то кай ҳаме ҷӯйӣ маниро
Чӣ дорӣ дӯст ҳарзи душманеро?!
Чаро ҷӯйи вафо аз бевафое,
Чӣ кӯбӣ беҳуда сард оҳанеро?!
Ай савсанбуногӯше, ки дорӣ
Ба рашки хештан ҳар савсанеро,
Яке з-ин барзани нороҳ бар шав,
Ки дар оташ нишонӣ барзанеро.
Дили манн арзане, ишқи ту кӯҳе,
Чӣ сойӣ зери кӯҳе арзанеро?!
Бубахшо, моҳи манн, бар манн бубахшо,
Макуш дар ишқ хира чун манеро!
Бие, инак нигаҳ кун Рӯдакиро,
Агар беҷон равон хоҳӣ танеро.

9
Бо ошиқон нишину ҳама ошиқӣ гузин,
Бо ҳар кӣ нест ошиқ, кам кун қариниё.
Бошад гаҳи висол бибинанд рӯи дӯст,
Ту низ дар миёнаи эшон бибиниё.
То андар он миёна, ки бинанд рӯи ӯ,
Ту низ дар миёнаи эшон нишиниё!
……………………………………………
Ошиқ намой хештан, арчи ҳазиниё.

10
Омад баҳори хуррам бо рангу бӯйи тиб,
Бо сад ҳазор нузҳату оройиши аҷиб.
Шояд, ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон,
Гетӣ бадил ёфт шабоб аз пайи машиб.
Чархи бузургвор яке лашкаре бикард,
Лашкара-ш абри тираву боди сабо – нақиб.
Наффот – барқи равшану тундар-ш таблзан,
Дидам ҳазор хайлу надидам чунин маҳиб.
Он абр бин, ки гиряд чун марди сӯквор
В-он раъд бин, ки нолад чун ошиқи кайиб.
Хуршедро зи абр дамад рӯй гоҳ-гоҳ,
Чунон ҳисорие, ки гузар дорад аз рақиб.
Якчанд рӯзгор ҷаҳон дардманд буд,
Беҳ шуд, ки ёфт бӯйи саман, бодро табиб.
Борони мушкбӯй биборид нав ба нав
В-аз барф пеш ҳамедошт, гул гирфт,
Ҳар ҷӯяк, ки хушк ҳаме буд, шуд ратиб.
Тундар миёни дашт ҳаме бод бардамад,
Барқ аз миёни абр ҳаме баркашад қазиб.
Лола миёни кишт бихандад ҳаме зи дур,
Чун панҷаи аруси ба ҳинно шуда хазиб.
Булбул ҳаме бихонад дар шохсори бед,
Сор аз дарахти сарв маар ӯро шуда муҷиб.
Сулсула ба сарвбун бар бо нағмаи куҳан,
Булбул ба шохи гул бар бо лаҳнаки ғариб.
Акнун хуред бодаву акнун зийед шод,
К-акнун барад насиб ҳабиб аз бари ҳабиб.
соқӣ гузину сабзаву май хур ба бонги зер,
К-аз кишт сор ноладу аз боғ андалеб.
Ҳарсанд навбаҳори ҷаҳон аст ба чашм хуб,
Дидори хоҷа хубтар, он меҳтари ҳасиб…

11
Гули садбаргу мушку анбару себ,
Ёсамини сапеду мӯрди базеб.
Ин ҳама яксара тамом шудааст,
Назди ту, эй бути мулукфириб!
Шаби ошиқ-т лайлатурқадр аст,
Чун ту берун кунӣ Рух аз ҷилбеб.
Ба хиҷоб андарун шавад хуршед,
Гар ту бардорӣ аз ду лола ҳиҷеб.
В-он занахдон ба себ монад рост,
Агар аз мушк холл дорад себ!

12
Рӯдакӣ чанг баргирифту навохт,
Бода андоз, к-ӯ суруд андохт!
В-он ақиқан майе, ки ҳар кӣ бидид,
Аз ақиқи гудохта нашнохт.
Ҳарду як гавҳаранд, лек ба табъ
Ин бияфсурду он дигар бидохт.
Нобисуда ду даст рангин кард,
Ночашида бо торак андар тохт.

13
Бо хирадуманд бевафо бувад ин бахт,
Хештани хешро бикӯш ту як лахт.
Бихуру бидеҳ, куҷо пушаймон набвад,
Ҳар кӣ бихӯрду бидод, аз он чӣ билфахт.

14
Ба саройи сипанҷ меҳмонро,
Дил ниҳодан ҳамешагӣ на равост.
Зери хок андарун-т бояд хуфт,
Гарчи акнун-т хоб бар дебост.
Бо касон буданат чи суд кунад,
Ки ба гӯр андарун шудан танҳост!
Ёри ту зери хок мӯру магас,
Чашм бикшо, бибин, кунун пайдост!
Он ки зулфину гесӯят пирост,
Гарчи динор ё дирам0ш баҳост,
Чун туро дид зардгуна шда,
Сард гардад дилаш, на нобиност.

15
Имрӯз ба ҳар ҳоле, Бағдод Бухорост,
Куҷо мири Хуросон аст, пирӯзӣ он ҷост.
Соқӣ, ту бидеҳ бодаву мутриб ту бизан рӯд,
То май хурам имрӯз, ки вақти тараби мост.
Май ҳасту дирам хасту бути лоларухон ҳаст,
Ғам нест в-агар ҳаст, насиби дили аъдост.

16
Замона панде озодвор дод маро,
Замона, чун нигарӣ, сар ба сар ҳама панд аст.
Ба рӯзи неки касон, гуфт, то ту ғам нахӯрӣ,
Басо касо, ки ба рӯзи ту орзуманд аст.
Замона гуфт маро: «Хашми хеш дар нигоҳ,
Киро забон на ба банд аст, пой дар банд аст».

17
Ин ҷаҳон пок хобкирдор аст,
Он шиносад, ки дил-ш бедор аст.
Некии ӯ ба ҷойгоҳи ба даст,
Шодии ӯ ба ҷойи темор аст.
Чӣ нишинӣ бад-ин ҷаҳон ҳамвор,
Ки ҳама кори ӯ на ҳамвор аст!
Куниши ӯ на хубу чеҳраш хуб,
Зишткирдору хубдидор аст!

18
Ба хирасар шумард серхӯрда гуруснаро,
Чунончи дарди касон бар дигар кассе хор аст.
Чу пӯстӣ рӯбаҳ бинӣ ба хони вотгарон,
Бидон ки туҳмати ӯ дунбаи ба шудёр аст!

19
Он саҳни чаман, ки аз дами дай,
Гуфтӣ думи гург ё паланг аст.
Акнун зи баҳори монавитабъ
Пурнақшу нигор ҳамчу Жанг аст…
Бар каштии умр такя кам кун,
К-ин Нил нишемини наҳанг аст.

20
Охири ҳар касс аз ду берун нест,
Ё бар озурданист, ё заданист.
На ба охир ҳама бифарсояд?
Ҳар ки анҷомрост, фарсуданист!


Саҳифаи 1 аз 5 | Саҳифаи оянда